Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яхи нобоварӣ миёни Кобулу Вошингтон мешиканад?


Кобул дар бораи идомаи музокироти тулкашида оид ба таҳияи созишномаи амниятӣ бо ИМА хабар дод ва изҳори умедворӣ кард, ки ин санад то моҳи октябр имзо мешавад.

Ҳайатҳои Афғонистон ва ИМА тайи беш аз як сол талош карданд то ҷузъиёти созишномаи дуҷонибаеро ҳамоҳанг кунанд, ки ба нерӯҳои амрикоӣ имкони пас аз хуруҷи НАТО дар поёни соли 2014 дар Афғонистон мондан медиҳад, вале муваффақ нашуданд

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, ба хотири бурунрафт аз бӯҳрон дар таҳияи созишномаи дуҷонибаи амниятӣ ҳайати нави воломақоми музокиракунандаро таъин намуд. Рӯзи 20 август вазорати умури хориҷии Афғонистон хабар дод, ки раисиҷумҳур аз мушовираш дар умури амнияти миллӣ Рангин Додфар Спанта, собиқ вазири молия Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва вазири умури хориҷӣ Залмай Расул хостааст то музокиротро суръат бахшанд ва таҳияи созишномаро анҷом диҳанд. Ба ҳайати ИМА сафири кишвар дар Кобул Ҷеймс Кеннингем ва генерал Ҷозеф Данфорд, фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон, шомиланд. Созишномаи дуҷониба бояд нақш ва тарзи ҳузури нерӯҳои низомии ИМА дар Афғонистон ва ҳамчунин мақоми ҳуқуқии низомиёну кормандони мулкии амрикоиро мушаххас кунад.

Аймал Файзӣ, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон ба Радиои Афғонистони озод гуфт, ки "бояд ҷонибҳо масоили фаннӣ ва ниёзманиҳои нерӯҳои амрикоӣ дар кишвар, аз ҷумла, пардохти андоз, дарёфти раводид, аз сӯи Амрико истифода шудани кадом пойгоҳҳову биноҳо, роҳҳои интиқоли молу коло ва ҳаққи убур аз ҳарими ҳавоии Афғонистонро ҳаллу фасл кунанд".

Гуфтушунид оид ба таҳияи созишномаи амниятӣ дар вазъи шакку шубҳа ба ҳамдигар ва ба сардӣ гароидани робитаҳои миёни Афғонистону Амрико мегузашт. Ин санади дарозмуддати амниятӣ ҳам барои Вошингтон ва ҳам барои Кобул хело муҳим аст, зеро ба ИМА имкон медиҳад, ки дар тамрину омӯзиши
Аймал Файзӣ
Аймал Файзӣ
нерӯҳои амниятии афғон саҳм бигирад ва афғонҳо, дар навбати худ, бо "Толибон" муқовимат кунанд ва амнияти кишвари худро баъд аз соли 2014 таъмин намоянд. Ин созиш ба ИМА ҳамчунин имкон медиҳад, ки таъқиби гурӯҳҳои боқимондаи “Ал-Қоида” дар минтақаҳои душворгузари марзи Афғонистону Покистонро идома диҳад. Бидуни ин санад, ба гуфтаи мансабдорони амрикоӣ ва ҳампаймонҳои онҳо дар НАТО, нерӯҳои ИМА бояд комилан кишварро тарк намоянд.

Ҳомид Карзай музокирот бо Амрико оид ба созишномаро баъди он мутаваққиф кард, ки “Толибон” дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар, дафтари сиёсии худро ифтитоҳ намуданд. Карзай аз барафрохта шудани парчами Толибон дар болои бино ва навиштаҷоти “Дафтари аморати исломии Толибон» эътироз кард ва толибон маҷбур шуданд бо навиштаҷоти “Дафтари сиёсии Толибон” иктифо кунанд. Сарвари Афғонистон гуфта буд, музокирот бо Амрико фақат баъди ба раванди гуфтушунид бо Толибон ҳамроҳ шудани ҳукумати Кобул аз сар гирифта мешавад.

Аймал Файзӣ дар бораи он ки музокирот оид ба созишномаи амниятӣ кай шурӯъ мешавад чизе нагуфт, аммо изҳор намуд, ки раисиҷумҳур ба хотири суръат бахшидан ба таҳияву тасвиби ин санад тайи ду моҳи наздик Лойя-Ҷирга, нишасти раҳбарони қавму қабоил ва рӯҳониёни маъруфро даъват мекунад. Карзай ӯҳдадор шудааст, ки қабл аз тасвиби ҳама созишномаҳои сарнавиштсоз бо Лойя Ҷирга машварат мекунад.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки музокирот дар оянда ҳам ба мушкилиҳо рӯбарӯ хоҳад шуд, зеро ИМА талаб дорад, ки дахлнопазирии сарбозонаш дар Афғонистон кафолат дода шавад, Карзай бошад барои он пойфишорӣ мекунад, ки амрикоиҳо дар сурати содир кардани ҷиноят аз рӯи қавонини Афғонистон муҷозот шаванд. Кобул мехоҳад, ки нерӯҳои амрикоӣ дар сурати таҷовузи хориҷӣ ваё ҳамла аз қаламрави Покистони ҳамсоя аз Афғонистон дифоъ кунанд. Мақомоти Афғонистон ҳамчунин хостори кафолати Вошингтон дар мавриди ӯҳдадориҳои молиявӣ барои нерӯҳои амниятии кишвар шудаанд, мавзӯе, ки ҳар сол бояд аз сӯи Конгресси ИМА баррасӣ ва тасдиқ шавад..
XS
SM
MD
LG