Пайвандҳои дастрасӣ

Таркишҳо пойтахти Лубнонро такон додаанд


Ду таркиш дар фосилаи чанд дақиқа пойтахти Лубнонро такон додаанд. Вазорати беҳдошти Лубнон нисрӯзии ҷумъа гуфт, ки бар асари таркиш камаш 27 кас кушта ва наздик ба 350 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Яке аз инфиҷорҳо дар наздик масҷдиди мусулмонони суннитабор ба вуқӯъ пайвастааст. Бо авҷи ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия муноқишаи байнимазҳабӣ дар Лубнони ҳамося тезу тунд мешавад.

Ахиран чанд ҳамла болои масҷидҳои мусулмонони шиаи Лубнон ҳам ба қайд гирифта шуд. Ин ҳамлаҳо баъди ҳамроҳшавии гурӯҳи шиаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба ҷангҳо дар Сурия оғоз ёфтанд.

Ҳизбуллоҳ дар як саф бо сарбозони ҳукумати Сурия меҷанганд. Соли равон чанд бархӯрди мусаллаҳона миёни мусулмонони суннӣ бо ҳаммазҳабони президенти Сурия, яъне пайравони мазҳаби алавӣ ҷой доштааст.
XS
SM
MD
LG