Пайвандҳои дастрасӣ

Онишенко қатораи нави Тоҷикистонро нокифоя гуфт


Хадамоти санитарии Русия ҳамчунон аз вазъи беҳдории вагонҳо ва қатораҳои Тоҷикистон розӣ нест. Генадий Онишенко, сардори "Роспотребнадзор" рӯзи 23-юми август ба расонаҳои Русия, аз ҷумла ба Interfax.ru дар робита ба вазъи вагонҳои Тоҷикистон гуфтааст, ки албатта ҷониби Тоҷикистон барои беҳбуди қаторашояш талош мекунад, вале ин кифоя нест.«Пас аз шикоятҳои Русия, Тоҷикистон 16 вагони нав харидорӣ кард, вале ин ҳама дар қатор ҳастанд, аммо дар хатти сайри Душанбе-Маскав 10 қатораи ин кишвар мегардад, ки ин ҳамаро бояд таъмир кард ва ё иваз намуд»,- зикр кардааст Генадий Онишоенко
Онишенко таъкид кардааст, ки ба ҳар сурат онҳо назорат ва ё худ мониторингро ҷиддӣ хоҳанд гирифт. Ин дар ҳолест, ки ширкати “Роҳи Оҳан”-и Тоҷикистон ба самти Маскав қатораи наверо ба роҳ мондааст, ки ба қавли мақомот, посухи Душанбе ба интиқодҳои Русия аз ҳолати бади санитариву беҳдоштии вагонҳои тоҷикӣ мебошад. Феълан ин танҳо як қатори нав аст, ки фаъолияташро дар масири Душанбе-Маскав оғоз кардааст. Дар оянда ҷониби Тоҷикистон мехоҳад боз 100 вагони нави дигарро низ харида дар ин масир ба ҳаракат дарорад.
XS
SM
MD
LG