Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Грозний бунёди Бурҷи Аҳмад тасдиқ шуд


 Рамзан Қодиров

Рамзан Қодиров

Раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров барномаи бунёди баландтарин бино дар ин ҷумҳурии Қафқози шимолии Русияро тасдиқ кардааст.

Рӯзи панҷшанбе доиҳаи маъруф бо номи Гроний Ситӣ 2 муаррифӣ шуд. Ин муҷтамаъ аз бинои 80-табақаи 400 метра иборат буда, ба манораҳои асримиёнагии чеченӣ шабоҳат хоҳад дошт.

Номи бино Бурҷи Аҳмад хоҳад буд. Падари раҳбари Чеченистон Аҳмад қодиров соли 2004-ум аз тарафи ошӯбгарон ба қатл расидааст.

Дар ин бурҷ музейи Аҳмад Қодиров, меҳмонсаро, ошхонаҳо, муассисаҳои маъмурӣ, варзишгоҳ, ҳавзи шӯиноварӣ ва 100 манзили зист ҷойгир мешаванд.

Тахмин мешавад, ки ин барнома дар муддати се сол иҷро шавад. Феълан баландтарин бинои Грозний 145 метр аст.
XS
SM
MD
LG