Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ҳамлаи Сурияро ҳодисаи бузург номид


 Президенти ИМА Барак Обама
Президенти ИМА Барак Обама
Президенти ИМА Барак Обама айбномаи ҳамлаи кимиёӣ дар Сурияро ҳодиса бузург номидааст.

Шоми ҷумъа ҳангоми сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN президенти ИМА гуфт:

Он чизе, ки мо мушоҳида кардем, ҳодисаи бузурги нигаронкунанда аст. Мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тамос ҳастем. Мо дар чорчӯби СММ саъй дорем, амали муносибе ташвиқ намоем. Мо аз ҳукумати Сурия даъват кардем, ба тафтиши макони ҳамла иҷозат диҳанд6 зеро муфаттишони СММ феълан дар Сурия ҳастанд.”

Барак Обама илова кард, ин ақида, ки ИМА метавонад тавре бастаи ихтилофҳои мазҳабии дохили Сурияро рафъ кунад, баъзан аз будаш зиёд баҳо дода мешавад.
XS
SM
MD
LG