Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъули ҳамла болои хабарнигори қазоқ дастгир шуд


Полиси Қазоқистон мегӯяд, дар шаҳри Оқтеппа шахси масъули ҳамла болои хабарнигори мустақил боздошт шудааст.

Ба гуфти афсарони полис боздоштшуда, эътироф кардааст, ки ӯ масъули лату кӯб ва ғорати хабарнигори нашрияи маҳаллии “Свобода Слова” ( Озодии Сухан) Игор Ларра мебошад.

Ба гуфти полис телефони мобили хабарнигоррро аз дасти муттаҳам гирифтаанд. Полис изҳороти Ларраро, ки гӯё ба ӯ кумаки тиббӣ нарасондаанд, рад мекунад.

Полис аз нақли табибон овардааст, ки Ларра сархуш будааст. Аммо Ларра мегӯяд, ки масъулони ҳамла чизҳои хусусии ӯро нагирифтаанд ва эҳтимол ин ҳамла бо кори хабарнигории ӯ иртибот дошта бошад.
XS
SM
MD
LG