Пайвандҳои дастрасӣ

ТАЛКО бо вуҷуди бӯҳрон дар бозор, ба кори худ идома хоҳад дод


«Талко» бо вуҷуди гирифтори бӯҳрон шудани бозори аллюминиюми холис ва уфти қобили мулоҳизаи нархи он, ҳаҷми истеҳсолоташро коҳиш нахоҳад дод. Игор Сатторов, роҳбари бахши таҳлиливу иттилоотии ширкати алюминиюми тоҷик «Талко» дар сӯҳбат ба РО рӯзи 23-уми август гуфт: «Идоракунии (менеҷменти) ҳирфавии корхона боис шуд, ки «Талко» дар шароити бӯҳрони бозори алюминий низ ҳаҷми истеҳсолотро коҳиш надодааст».

Ин дар ҳолест, ки нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна дар квартали дуввуми соли равон то 1835 доллар барои ҳар як тонна поин рафт. Имрӯз бошад нархи ҳар як тонна алюминий дар биржаи металҳои рангаи Лондон LME 1888 доллар 75 сентро ташкил мекунад. Зимнан ба таъкиди коршиносон барои фаъолияти мӯътадили корхонаи аллюминиюм ва гирифтани фоида аз истеҳсоли он нархи он бояд дар бозори ҷаҳонӣ на камтар аз 2400 доллар бояд бошад. Дар ҳамин ҳол, дар оғози моҳи равон аз калонтарин истеҳсолкунадагони алюминий дар ҷаҳон ва Русия «Русал» эълон кард, ки фаъолияти чаҳор корхонаи аллюминийро дар ширқи Русия ба далели зараровар шуданашон мутаваққиф мекунад. Аммо Игор Саттров мегӯяд, шароити «Талко» аз «Русал» комилан фарқ мекунад ва ин корхона бо вуҷуди бӯҳрон ва поин рафтани нарх дар бозори алллюминий ба кори худ идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG