Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози амрикоии қотил аз афғонҳо маъзарат хост


 Нақш аз толори додгоҳи Бейлз
Нақш аз толори додгоҳи Бейлз
Сарбози амрикоӣ сержант Роберт Бейлз, ки масъули куштори 16 фарди осоиштаи афғон ба шумор меравад, маъзаратхоҳӣ кардааст.

Рӯзи панҷшанбе аснои муҳокима дар додгоҳи яке аз пойгоҳҳои низомии аёлати Вашингтон Бейлз куштори афғонҳоро амали номардона унвон дод.

Бейлзи 39-сола гуфт, ӯ хеле муфаассиф аст, ки 11-уми марти соли 2012-ум дар вилояти Қандаҳори Афғонистон 16 фарди осоиштаро ба қатл расондааст ва аз оилаҳову наздикони қурбониён маъзарат мехоҳад.

Дар натиҷаи ҳамлаи ҳамлаи Бейлз болои муҷтамаи Алкозай ва Наҷибон камш 22 нафар кушта ва ё маҷрӯҳ шуданд.

Аз ин байн 17 нафар зану кӯдакон буданд, ки бо тири силоҳи оташфишон аз сарашон ҷароҳат бардошта буданд.

Баъди ин ҳодиса нерӯҳои ИМА як муддат амалиёташон дар хоки Афғонистонро мутаваққиф карда буданд.
XS
SM
MD
LG