Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набераи Норчучук аз боздоштгоҳи Қаршӣ аз худ дарак дод


Яке аз панҷ сокинони вилояти Суғд, ки моҳи гузашта аз ҷониби марзбонони узбак ба идораи пулиси ноҳияи Қаршии он кишвар бурда шуда буданд, дар як тамоси телефонӣ гуфтааст, вайро рӯзҳои наздик раҳо мекунанд.

Норчучук Эшмуродова, сокини деҳаи Фароби ноҳияи Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз, 23-уми август занги телефониеро қабул карда ва садои набераи 12 солаашро шинохтааст, ки дар боздоштгоҳи Қаршии Узбакистон нигаҳдорӣ мешавад. Ба гуфтаи хонум Эшмуродова, Манучеҳр Буриеви 12- сола, ки дар боздоштгоҳи Қаршӣ ба сар мебарад, бо телефон ба ӯ тамос гирифта гуфтааст, дар рӯзҳои наздик вайро раҳо хоҳанд кард.

Норчучук Эшмуродова афзуд, ки наберааш бо мусоидати як масъули боздоштгоҳ занг зада ва гуфтааст, ки ӯро ба дасти волидонаш таслим мекунанд.
«Ман набераамро гуфтам, ки телефонро ба масъули боздоштгоҳи Қаршӣ деҳ дар суҳбат масъули боздоштгоҳ ба тоҷикӣ гуфт, ки барои ноболиғ будани наберааш ӯро бо омода кардани санадҳои лозима ба волидонаш месупоранд», зикр кард Эшмуродова.

Манучеҳр гуфтааст, ки пас аз боздошт дар моҳи июл таи як ҳафта бобои 74 солааш ва амаку дигар ҳамроҳонашон дар бозоштгоҳи Қаршӣ буданд, вале баъдтар онҳоро ба ҷои дигар кӯчониданд, ки дигар дар бораи онҳо хабар надорад. Ҳоло Норчучук танҳо хабари раҳо шудани набераашро аз забони худи ӯ ва масъули боздоштгоҳи Қаршӣ шунидааст, вале ӯро чӣ гуна, дар куҷо ва дар чӣ шароит ба дасти волидонаш хоҳанд супорид, чизе намедонад.

Дар ҳамн ҳол Бобоҷон Домуллоев, муовини аввали раиси ноҳияи Панҷакент дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки аз хабари озод карда шудани Манучеҳри ноболиғ хабаре надорад ва ҳеҷ мақоме дар ин бора ба онҳо иттилоъе надодааст.

Норчучук Эшмуродова, модаркалони Манучеҳри 12 сола мегӯяд, ки то ҳоло на мақомоти ноҳия ва на ҳеҷ тарафе дар бораи чӣ гуна акнун бояд наберааш ба дасти вай расда дараке надорад.

Дар ҳамин ҳол аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки аз ин қазия бохабар ҳастанд ва гумони ғолиб дар мавриди интиқоли Манучеҳр Буриеви 12- сола аз Қаршӣ ба Тошканд ба масъалаҳои ҳуҷҷатҳои вай рабт дорад. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ меафзояд, ки таҷрибаҳо нишон додаанд, ки барои раҳо кардани шахси боздоштшуда дар сафорати Тоҷикистон барои ӯ санади «шаҳодатномаи бозгашт ба ватан» дуруст мекунанд ва танҳо бо ин санад шахси боздоштшуда ҳуқуқ пайдо мекунад, ки ба Тоҷикистон интиқол ва ё истирдод шавад.

Қаблан мақомот гуфта буданд, 4 наврас ва як мӯсафеди 74-соларо соати 18-и шоми 10 июл дар дараи Шохпази ҷамоати Фароб ҳангоми алафдаравӣ марзбонони узбак барои марзшиканӣ айбдор карда ба он тарафи марз мебаранд ва дар боздоштгоҳи ноҳияи Қаршӣ нигаҳдорӣ мекунанд.

Чунин ҳодиса бори аввал нест, ки дар марз бо кишвари ҳамсоя рух медиҳад. Рӯзи 15-уми июн марзбонони узбак 5 чӯпони сокини рустои Моғиёни ноҳияи Панҷакент - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо рамаи гӯсфандону говҳояшон ба Узбакистон бурдаанд ва танҳо баъд аз як моҳ онҳоро раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG