Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз Сурия хост дар таҳқиқи ҳамла ҳамкорӣ кунад


Бан Кӣ Мун
Бан Кӣ Мун
Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун аз ҳукумати Сурия даъват кард, бо муфаттишони СММ дар таҳқиқи иттиҳоми ҳамлаи кимиёӣ ҳамкорӣ кунад.

Тибқи ин айбнома ҳафтаи равон яке аз канораҳои Димашқ мавриди ҳамла аз силоҳи кимиёӣ қарор гирифт.

Рӯзи ҷумъа дабири кулли СММ гуфт, истифода аз силоҳи кимиёӣ хилофи қонунҳои байналмилалӣ аст ва ҳар касе, ки бар зидди башарият ҷиноят содир мекунад, посухи ҷиддии амалашро хоҳад гирифт.

Ҳамчунон СММ мегӯяд, шумораи кӯдаконе, ки аз ҷангҳои Сурия ба фирор маҷбур шудаанд, аз як миллион нафар бештар шудааст.

Умуман, дар давоми 29 мои муқовимати шаҳрвандии Сурия беш аз ду миллион сокини ин кишвар фирорӣ шудаанд.

Бар илова тибқи маълумоти Бунёди кӯдакони СММ (UNICEF)ду миллион навраси Сурия дар дохили ин кишвар аз макони доимии зисташон фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG