Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи кӯдакони овораи Сурия ба як миллион расид


Урдугоҳи оворагони суриягӣ дар марз бо Урдун.

Урдугоҳи оворагони суриягӣ дар марз бо Урдун.

Cозмони Милали Муттаҳид мегӯяд, шумораи кӯдакони овора дар Сурия аз марзи як миллион гузаштаааст.

Ду ниҳоди тобеи СММ рӯзи ҷумъа гузориш кардаанд, ки шумораи «сабтиномшуда»-и кӯдакони овараи суриягӣ ба марзи як миллион расидааст. Ин омор ҷудо аз беш аз ду миллион кӯдаке аст, ки дар дохили хоки Сурия аз хона ва кошонаи худ овора шудаанд. ЮНИСЕФ-Созмони кӯдакони СММ ва UNHCR-Cозмони оворагони СММ дар гузориш тозаи худ эълом кардаанд, ки аз як миллион кӯдаки овораи Сурия, аксари онҳо зери 11 сол син доранд.

Рӯзномаи бритониёии "Гордиян" ба нақл аз ин гузориш мегӯяд, дар ҳоле, ки то кунун ҳудуди ҳафт ҳазор кӯдак дар ҷанги дохилии Сурия ҷони худро аз даст додаанд, ниме аз оворагони ин ҷанги сесоларо кӯдакон ташкил медиҳанд.

Омори тозаи ЮНИСЕФ танҳо ду рӯз пас аз он мунташир шудааст, ки мухолифони режими Башор Асад дар Сурия аз истифодаи гази заҳрогин тавассути нерӯҳои ҳукумат алайҳи мардуми ин кишвар хабар доданд. Гуфта мешавад дар ин ҳамлаи кимиёвӣ, ки хабари он дар ҷаҳон сару садо ба по карда ва интиқоди шадиди ҳамагонро ба дунбол дошт, байни 200 то 1300 нафар ҷон бохтаанд ва шумораи зиёде аз онҳо кӯдакон будаанд.

Бар асоси тозатарин омор, ҳудуди 740 ҳазор кӯдаки овораи суриягӣ зери 11 сол син доранд ва аксари онҳо дар кишварҳои Миср, Лубнон, Урдун, Туркия ва Ироқ паноҳанда шудаанд. Бар асоси ҳамин омори тоза, беш аз 3500 кӯдак «танҳо ё ҷудо аз хонаводаҳои худ» аз марз гузашта, вориди хоки Лубнон, Урдун ё Ироқ шудаанд.

Ба гуфтаи Созмони оворагони СММ, кӯдакон ва навҷавонони суриягӣ ҳатто пас аз гузаштани марз ва по гузоштан ба сарзамине амн, «дучори осебҳои шадиди рӯҳӣ ва афсурдагӣ» ҳастанд. Он тавре, ки рӯзномаи "Гордиян" дар гузориши худ овардааст, кӯдакони овораи суриягӣ пас аз расидан ба хоки амн, аз нав бо таҳдидҳое чун кори иҷборӣ, издивоҷи зудҳангом, истисмори шаҳвонӣ ва қочоқи инсон рӯбарӯ мешаванд.

Нооромӣ ва ҷанги дохилӣ дар Сурия, ки вориди соли савуми худ шудааст, боис гашта, ки СММ дар иқдоме бесобиқа сандуқе изтирорӣ барои ҷамъоварии панҷ миллиард доллар боз кунад. Бо ин ҳол ин сандуқ, ки қарор буд то декабри соли ҷорӣ, яъне танҳо чаҳор моҳи дигар, ба се миллиард доллар бирасад, ҳанӯз 37 дарсад аз ин миқдор пулро дар худ ҷамъ овардааст.
XS
SM
MD
LG