Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони тоҷик ва баҳси Талко дар Сенати Узбакистон


Вакили мардумии Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодов мегӯяд, хулосаҳои ҷониби Узбакистон дар мавриди таъсири манфии корхонаи тавлиди алюминийи Тоҷикистон-Талко асоси воқеӣ надоранд

Вакили мардумии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодов мегӯяд, хулосаҳои ҷониби Узбакистон дар мавриди таъсири манфии корхонаи тавлиди алюминийи Тоҷикистон-ТАЛКО асоси воқеӣ надоранд ва ҳар нигароние, ки дар иртибот бо таъсири партобҳои корхонаи ТАЛКО ба муҳити зисти минтақа ва саломатии сокинони гирду атрофи ин корхона ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Узбакистон вуҷуд доранд бояд дар чорчӯби як ниҳоди муштарак бо иштироки коршисонони байналмилалӣ ҳаллу фасл шавад.

Маҳмадшариф Ҳақдодов ҳамроҳ бо вакили дигари Маҷлиси Намояндагон Шодӣ Шабдолов ҳафтаи равон дар як семинар бахшида, ба таъсири корхонаи ТАЛКО ба муҳити зисти манотиқи ҷанубии Узамбкистон, ки бо ташаббуси Сенат -- палатаи болоии парламенти Узбакистон ташкил шуда буд, ширкат дошт.



Доктор улуми техникӣ Ҳақдодов, ки раёсати комиссияи зистмуҳитии Маҷлиси Намояндагонро бар дӯш дорад, мегӯяд, аз соли 1975, яъне аз замоне, ки корхонаи алюминий ба фаъолият оғоз намуд, ду кишвар дар чорчӯби иқтисоди воҳиди шӯравӣ мушкилиҳои зистмуҳитиву беҳдоштиеро, ки тафиъсири фаромарзӣ доштанд, ҳамроҳ рафъ менамуданд. Ба гуфти Ҳақдодов баъди соҳибистиқлолии ду ҷумҳурӣ низ барномаи муштараки ҳифзи муҳити зисти канори ТАЛКО ва дигар корхонаҳои заррарасон дар ҳамкорӣ таҳия ва иҷро мешуд.

Дар ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта дар қаламрави Узбакистон аз пули ТАЛКО ба маблағи наздики 38 миллион рубли соли 1993: чор дармонгоҳи тиббӣ, чор мактаб ва камаш 13 чоҳи об сохта ба истифода супурда шудаанд.

Ҳамчунон Ҳақдодов ёдовар шуд, ки Тоҷикистон ба Узбакистон ба хотири иҷрои барномаҳои иҷтимоиву беҳдоштии ин ҷумҳурӣ беш аз 900 милион рубл ва тахминан 60 ҳазор тонна алюминийи хом ирсол намудааст. Ба қавли Ҳақдодов солҳои ахир корхонаи ТАЛКО ба маблағи беш аз 100 миллион доллар таҷҳизоти навтарини экологӣ харида, дар тавлиди алюминий аз он кор мегирад.

Раиси комиссияи зистмуҳитии Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, агар Узбакистон яктарафа марзҳояш бо Тоҷикистонро намебаст ва ширкаташ дар ниҳоди муштараки назорати вазъи зистмуҳитии канори корхонаи ТАЛКО ва дигар корхонаҳои саноатии назди марзҳои миёни ду кишвари Осиёи Марказиро қатъ намекард, арзёбиву ҳалли нигарониҳо осонтар буд.

Дар санади ниҳоие, ки баъди баҳси ҳафтаи равон дар Сенати Узбакистон ба тасвиб расидааст, аз Тоҷикистон дархост шудааст, имкони тағйири фаъолияти корхонаи ТАЛКО-ро баррасӣ кунад, зеро таҳҷизоти ин корхонаи тавлиди алюминий кӯҳна шӯуда, ба муҳити зисти атрофи он зарар мерасонад.

Ба қавли ҷониби Узбакистон ТАЛКО солона ҳудуди 22-23 ҳазор тонна партобҳои заҳролуд ва аз ҷумла зиёда аз 200 тонна гази зараровар хориҷ мекунад.

Ниҳодҳои Узбакистон мегӯянд, ки дар ноҳияҳои ҳаммарзи ин ду кишвар ҳодисаҳои таввалуди мурда ба 7,7 баробар ва бемории асабонӣ миёни кӯдакон ва калонсолон зиёд шудааст.

Порлумони Узбакистон хостори бознигарӣ ва тағйири самти кори Корхонаи алюмини Тоҷикистон шуд ва мегӯяд, партовҳои он ба саломатии ҳазорон нафар дар ҳарду кишвар таҳдид мекунад. Палатаи болоии порлумони Узбакистон мегӯяд, бояд таваҷҷуҳи созмонҳои байнулмилалии экологӣ, ниҳодҳои СММ, порлумон ва ҳукуматҳои ҷаҳон ба ҳалли мушкили афзояндаи зиёни партовҳои Корхонаи алюмини Тоҷикистон ё «Талко», ҷалб карда шавад. Ин нукта дар ҷаласаи Сенати Узбакистон эълон шуд, ки бо ширкати ду вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҷараён гирифт. Палатаи болоии порлумони Узбакистон хостори чораҳои фаврии тағйири кори "Талко" шуд.

Ба иттилои Институти шаҳрвандӣ ва ҷамъиятии экологии Узбакистон, корхонаи "Талко" ҳанӯз соли 1975 дар шаҳри Турсунзода сохта шудааст ва айни ҳол ҳамасола ҳудуди 22-23 ҳазор тонна олудагиҳои заҳрнок, аз ҷумла зиёда аз 200 тонна фторити ҳидроген, ки аз ҳама моддаи зараровар барои саломатии инсон аст, хориҷ мекунад.

Экологҳои Узбакистон мегӯянд, ки дар натиҷаи ба фазои минтақаи вилояти Сурхандарё зиёд шудани фтотриди ҳидроген, ғализиҳои сунъӣ ба ҳисоби миёна 1,8-2 баробар ва дар фасли тобистон 3-4 баробар зиёд шудааст. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки аз тавлиди газҳои гулухонаии «Талко» моддаҳои мухталифи кимиёӣ, ки ба саломатии атроф алакай зарар расондааст зиёд аст.

Ниҳодҳои Узбакистон мегӯянд, ки дар ноҳияҳои ҳаммарзи ин ду кишвар ҳодисаҳои таввалуди мурда ба 7,7 баробар ва бемории асабонӣ миёни кӯдакон ва калонсолон зиёд шудааст. Ҷониби Узбакистон эълом доштааст, ки дар натиҷаи зарари ин корхона давоми 20 сол дар соҳаи иқтисодиёт, хоҷагии деҳоти ин кишвар зиёни калон ворид сохтааст. «Аз ҷумла давоми ин солҳо 27-47 дар сад сабзиши савзавот ва боғдорӣ 37,8 дар сад кам шудааст», омадааст дар гузориши ҷаласаи парлумон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG