Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат ба кӯдакони маъюб кӯмак кард


Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо як хонаводаи кӯдакони маъюби тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург, ба миқдори 130 ҳазор рубли русӣ кӯмаки молӣ расонидааст.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия зимни сипосу ташаккур аз тоҷирони тоҷики муқими Русия, ба "Озодӣ" гуфт, ин кӯмаки пули рӯзи гузашта ба хонаводаи Содиқовҳо расонида шуд. Оқои Эгамзод ҳамчунин умедворӣ кард, ки тоҷирону соҳибкорони дигари тоҷик низ ба ин ҳамватани худ эҳсоси ҳамраъйи ва башардӯстона нишон дода, кӯмак хоҳанд кард.

Тавре пештар иттилоъ дода будем, Сардори Хадамоти Консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Садбарг Ғаниева ҳафтае пеш ҳини сафари кории худ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз хонадони кӯдакони маъюби тоҷиктабор- Содиқовҳо, дидан намуда буд. Хонум Ғаниева ваъда дода буд, ки дар наздиктарин фурсат ба Ҷамшеду Маликаи бар асари садамаи нақлиётӣ маъюбшуда, як миқдор ёрдами пулӣ расонида хоҳад шуд.

Қиссаи оилаи Содиқовҳо ба даҳҳо қисаи нохуши дигар монанд аст. Оилаи Содиқовҳо, бо ду фарзанди худ, мисли садҳо ҳамватани дигар дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар дар Русия зиндагӣ ихтиёр кард. Аммо кӣ медонист, ки ба ҷойи оромишу осоиш онҳо ба мусибат гирифтор мешаванд. Ин оила даҳ соли пеш ба хотири ояндаи беҳтаре барои фарзандони худ дар шаҳри Санкт Петербург маскун шуд. Аммо шаш соли пеш ду фарзанди онҳо дар як садамаи нақлиётӣ маъюб гардид ва рӯзгори волидонро ба кобус монанд кард.

Табобати бачаҳо маблағи зиёд талаб мекунад, ин ҳам дар ҳоле, ки онҳо бимаи сиҳатӣ надоранд ва танҳо гоҳ гоҳ аз созмонҳои хайрия кӯмак мегирифтанд. Мо дар як сӯҳбат бо ин хонавода аз ҳоли Ҷамшеди 15-сола ва Маликаи 11-сола пурсидем ва баъдан бо сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳам тамос гирифтем то дар рафъи мушкили ҳаватани худ саҳм бигирад.

Сафорати Тоҷикистон ба оилаи муҳоҷири тоҷик кумак ваъда кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:50 0:00
XS
SM
MD
LG