Пайвандҳои дастрасӣ

Дар деҳаи Навбулоқи ноҳияи Шӯрообод чанд сагу гову хар ба бемории ҳорӣ ё худ девонагӣ мубтало шудаанд.

Ба гуфтаи сокинон ҳоло 7 саг, 4 гов ва ду хар гирифтори бемории ҳорӣ шудаанд, ки аз ҷониби мардуми деҳа кушта гардидаанд. Сагҳо аллакай ба ду кӯдак зиён расонидаанд, ки ҳоло дар Кӯлоб табобат мегиранд. Зикриё Атоев, муовини раиси маҳаллаи деҳаи Навбулоқ мегӯяд, дар аввал як саг бемории ҳорӣ шуда буд, аммо бо газидани дигар ҳайвонот ин беморӣ афзоиш ёфт. Ӯ мегӯяд, эҳтимоли ба дигар ҳайвонот низ сироят кардани ин беморӣ вуҷуд дорад.

Ӯ гуфт: «Ҳайвоноти мурдаро безарар накарданд ва дар ҳамон атрофи деҳа партофтаанд. Ҳама ҷо ҳоло бӯй гирифтааст. Аз ноҳия як ду нафар омад, вале ҳеҷ коре накарданд. Ин ба сиҳатии мардум хатар дорад. Мо хоҳиш кардем, ки биёянд ва ин ҳайвоноти дигарро бисанҷанд, вале то ҳол наомадаанд. Аз дасти мардум безарар кардану дорӯ задан намеояд.»

Аммо Ҳомид Саидов, раиси ҷамоати Чагами ноҳияи Шӯрообод, ки деҳаи Навбулоқ дар ҳудуди он ҷойгир аст, мегӯяд, аз Идораи байторӣ хоҳиш кардааст, ҳайвонотро эм гузаронанд. Саидов афзуд: «Ба мо хабар доданд, ки як саги девона як говро гирифтааст. Дигар аз ин зиёд нест. Мо зуд ба ноҳия хабар додем, ки биоянд. Ба фикрам сардори Идораи байторӣ одам равон кард ва омада масъаларо диданд.»

Аммо сокинони деҳаи Навбулоқ мегӯянд, дар атрофии ин деҳа замони Шӯравӣ оғилхонаи бузург буд, ки садҳо ҳайвони бемории ҳорӣ, буғумдард ва сӯхтаниро бидуни безарар кардан гӯр кардаанд, ки ҳоло таъсирашро мардум эҳсос мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Абдулмӯъмин Ҳасанов, сардори Идораи кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб, ки Идораи байторӣ зертобеи он аст, мегӯяд, аз ҳодисаи бемории ҳории ҳайвонот дар Шӯрообод хабар надоранд. Ба гуфтаи ӯ, дар 6 моҳи соли равон умуман ҳайвони гирифтори бемории ҳорӣ сабт накардаанд.

«Умуман ба қайд нагирифтаем. Агар дар Шӯрообод бошад, ба мо ҳисобот медиҳанд ва мо ба қайд мегирем. Дар минтақа беш аз 21 ҳазор саг ҳаст, ки Идораи байторӣ ба 6 ҳазор саг шиноснома додааст. Миёни сагҳое, ки санҷида, шиноснома додем, ягон саги ҳорӣ набуд. Лекин ҳодисаи Шӯоободро ҳоло месанҷем. »

Ба қавли пизишкон бемории ҳорӣ, ки ҳангоми газидани ҳайвони гирифтори ин беморӣ ба инсон сироят мекунад, аз ҷумлаи бемориҳои хатарноки сироятӣ ҳисоб мешавад. Ба инсоне, ки ба ин беморӣ сироят мешавад, давоми се рӯз бояд, ба табобат фаро гирифта, 40 сӯзандорӯи махсус гузаронида шавад. Дар сурати даҳ рӯз дер кардан аз табобат ин беморӣ табобатнашаванда боқӣ мемонад ва давоми 40 рӯз инсонро ба ҳалокат мерасонад.

Ин дар ҳолест, ки ҳоло ду кӯдаки осебдида аз дандони сагон дар Навбулоқ дар шаҳри Кӯлоб ба табобати вижа фаро гирифта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG