Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотилони хонаводаи исфарагиро дар Бодканд меҷӯянд


Мақомоти ҳифзи тартиботи Қирғизистон дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон ба режими шадиди таъмини амнияти мардум гузаштанд.

Интерфакс аз қавли сардори раёсати умури дохилаи вилояти Бодканд Арстан Усанов хабар дод, ки ба маркази вилоят нерӯҳои иловагии милиса ворид карда шуданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф боздошти ҷинояткоронест, ки шаби 20 август дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон панҷ узви як хонавода, аз ҷумла, ду кӯдакро ба қатл расонда буданд.

Дар ҷамоатҳои Самарқандак ва Оқсой, ки дар наздикиҳои ҷойи ҳодиса ҷойгир шудаанд, чораҳои амниятӣ тақвият дода шуданд, аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ дастаҳои худмуҳофизатӣ таъсис ёфтанд. Дар ин мавзеъҳо мақомоти маҳаллӣ ва кормандони милиса бо мардум сӯҳбат мекунанд, зеро бисёриҳоро воҳима фаро гирифтааст, баъзеҳо манзилҳои худ дар марзи ду кишварро тарк намудаанд.

Мақомоти ҳифзи тартиботи Тоҷикистону Қирғизистон барои ҷустуҷӯи ҷинояткорон ситоди муштарак таъсис додаанд.
XS
SM
MD
LG