Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду падар бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси фарзандони худ


Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ду мардро бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтарони худ дастгир намудаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони он як истиқоматкунандаи 41-солаи деҳаи "Конститутсия"-и ноҳияи Рӯдакиро бо иттиҳоми он ки аз моҳи октябри соли 2012 духтари 19-солаи худро ҳадафи таҷовуз қарор додааст, боздошт кардаанд. Ин манбаъ кай боздошт шудани шаҳрвандро зикр накарда, афзудааст, ки ин шахс амали ношоистаи худро то моҳи июни соли равон идома дода, ӯро таҳдид мекардааст, ки агар ба ягон кас муроҷиат намояд, ӯро мекушад.

Барои ошкор нашудани қазия шаҳрванд М.М. духтарашро дар хона маҳкам карда, ӯро иҷозати берун баромадан намедодааст. Аммо ба духтар муяссар гардидааст, ки шабона аз хона гурехта, дар бораи воқеа ба кормандони умури дохилӣ хабар диҳад. Мақомот мегӯяд, айни ҳол шаҳрванд дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, оиди ин ҳодиса тафтиш идома дорад.

Ҳамчунин мақомоти интизомии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки 19 - уми августи соли равон аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон як далели содир шудани боз як чунин ҷинояти ахлоқӣ аз ҷониби падар нисбати духтари худ ошкор гардидаст. Ба гуфти мақомот шаҳрванди соли таваллудаш 1964, сокини деҳаи Кавраки ноҳияи мазкур моҳи сентябри соли 2011 дар хонаи истиқоматиаш бо зӯроварӣ ба номуси духтари 22-солаи худ расидааст. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ин шахс то моҳи августи соли равон ин амали худро нисбати духтари худ идома додаст. Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 138 қисми 3, банди «а» парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи иттиҳомот давом дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG