Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноболиғро барои қатли бераҳмона дастгир карданд


Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ноболиғи 15-соларо барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин дастгир карданд.

Аз вазорати умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки Ғоибназари Холиқназари 15 сола, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Фахробод, деҳаи Ҳисоробод, хонандаи синфи 9-уми мактаби рақами 3, барои бадрафторӣ ва қатли бераҳмонаи ноболиғи 9-сола боздошт шуд.

Ба гуфтаи мақомот, рӯзи душанбеи 19-уми август тахминан соати 18:00 аз ҳудуди заминҳои чарогоҳи хоҷагии деҳқонии «Асадулло», ҷамоати деҳоти Даҳанакиики ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ҷасади ноболиғи 9-сола бо аломатҳои «бачабозӣ» ва «марги маҷбурӣ» дарёфт кардаанд.Гуфта мешавад, ҳангоми ташхиси ҷасад дар бадани ноболиғ 16 зарбаи олоти тези буранда ба ноҳияи гардан аз пеш ва қафо мушоҳида шудааст. Мақомот номи ноболиғи кушташударо ошкор накардаанд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов барои ошкор ва дастгир кардани ҷинояткорон фармонеро содир кард ва аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи Раёсати кофтукови ҷиноӣ ва Раёсати Вазорати умури дохилии вилояти Хатлон гурӯҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шудааст. Рафти тафтишот зери назорати вазири умури дохилӣ қарор дорад.

Манбаъ афзуд, ки зимни дастгир кардани Ғоибназари Холиқназар далели шайъӣ гирифта шуда, айни замон тафтиши ҳодиса идома дорад.
XS
SM
MD
LG