Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла болои хабарнигори қазоқ дар Оқтеппа


Дар шаҳри шимолу ғарбии Оқтеппаи Қазоқистон хабарнигори нашрияи мустақили “Свобода Слова” лату кӯб шудааст.

Созмони дидбони ҳуқуқи хабарнигорон бо номи Одил Соз, ки мақарраш дар Алмаато аст, мегӯяд, шоми сешанбе чор фарди ношинос бо калтакҳои оҳанин болои хабарнигор Игор Ларра ҳамла кардаанд.

Ба қавли Ларра баъди зарбаҳо ба сараш ӯ муддате аз ҳуш рафт, вале ҳамлакунандагон на пул ва на ҷиҳози хабарнигории ӯро нагирифтаанд.

Ин хабарнигори мустақил бар ин назар аст, ки ҳамла бо гузоришҳои танқидии ӯ дар бораи волии минтақаи Оқтеппа иртибот дорад.

Дар пайи ҳамла Ларра ба идораи полис муроҷиат кардааст.

Полис ба Ларра гуфтааст, ки рӯзи чоршанбе ӯро барои муоинаи тиббӣ даъват мекунад, вале касе аз полис бо ӯ дар тамос нашудааст.
XS
SM
MD
LG