Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати хабарнигори амрикоӣ дар ТВ Russia Today


Ҷеймс Кёрчик
Ҷеймс Кёрчик
Рӯзи чоршанбе як хабарнигори амрикоӣ ҳангоми мусоҳиба бо телевизиони англисизабони Русия бо номи Russia Today аз ширкат дар пахши зиндаи барнома маҳрум шуд, зеро дар бораи қонуни манъи тарғиби ҳамҷинсбозӣ дар Русия, ки аз тарафи президенти ин кишвар Владимирр Путин имзо шудааст, сухан гуфт.

Хабарнигор Ҷеймс Кёрчик барои сӯҳбат дар бораи ҳабси Бредлӣ Маннинг даъват шуда буд, вале ӯ мавзӯи баҳсро тағйир дод:

Ман воқеан ҳеҷ хоҳиш надорам дар бораи Бредлӣ Маннинг ҳарф занам. Ман мехоҳам дар бораи фазои даҳшатноки одамбадбинӣ, ки дар Русия ҳукмфармост, сухан гӯям.”

Кёрчик ду дақиқа бидуни ист сӯҳбат кард ва бо хитоб ба ходимони телевизиони Russia Today гуфт, “шумо 24 соат дар бораи Амрико дурӯғ мегӯед, дар ду дақиқае, ки ман дорам, мехоҳам ҳақиқат гӯям”.

Кёрчик бо ишора ба мизбонони барномаи телевизиони русӣ гуфт, чӣ гуна онҳо метавонанд шаб хоб раванд, вақте ҳукумати онҳо ба таври маъмулӣ рӯзноманигоронро таъқибу шиканҷа ва ҳатто баъзан ба қатл мерасонад.
XS
SM
MD
LG