Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози ифшогари амрикоӣ 35 сол зиндонӣ шуд


Бредлӣ Маннинг
Бредлӣ Маннинг
Сарбози амрикоӣ Бредлӣ Маннинг ба хотири тақдими асрори давлатӣ ба сомонаи Викиликс (WikiLeaks) ба муддати 35 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Ҳукми Маннингро рӯзи чоршанбе додгоҳи низомии Форти Миди аёлати Мериленд содир кард.

Додситонӣ Маннинги 25-соларо бо 20 амали ҷиноӣ айбдор намуда, талаб карда буд, ки ӯро ба муддати 60 сол аз озодӣ маҳрум кунанд. Вале додгоҳ айбномаи асосӣ-кумак ба душманро, беасос номид.

Соли 2010-ум аснои хидмат дар Ироқ Маннинг ҳазорҳо санади махфии дипломатӣ ва гузоришҳо аз майдонҳои ҷанг дар Ироқу Афғонистонро ба шабакаи Викиликс тақдим намудааст.

Маннинг маъзарат хоста, таъкид кард, ки ҳадафи ӯ ташвиқи баҳси амалиёти низомии ИМА ва амалкардҳои дипломатии ин кишвар будааст.
XS
SM
MD
LG