Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бори дигар ҳукми раҳоии Муборак содир шуд


 Ҳуснӣ Муборак

Ҳуснӣ Муборак

Телевизиони давлатии Миср гузориш дод, ки додгоҳи Қоҳира ҳукми раҳоии президенти собиқи ин кишвар Ҳуснӣ Муборакро содир кардааст. Аммо телевизион дар бораи замони раҳошавии Муборак чизе нагуфтааст.

Додрас Аҳмад Баҳравӣ таъкид кардааст, ки ҳукми додгоҳ ниҳоӣ буда, додситонӣ наметавонад бознигарии онро талаб кунад.

Тибқи навиштаи хабаргузории давлатии МЕНА ҳукмро додгоҳи истиънофӣ( аппелятисонӣ) содир кардааст. Аз ин рӯ, имкони бознигарии он вуҷуд надорад.

Дар гузашта ҳар гоҳе, ки додгоҳ ҳукми раҳоии Муборакро содир мекард, идораи додситонӣ айбномаи нав пешкаш намуда, муддати боздошти ӯро тамдид мекард.

Ҳукми ахири додгоҳ ба тӯҳфагирии Муборак аз ширкатҳои давлатӣ иртибот дорад.

Қабл аз судури ҳукми рӯзи чоршанбе вакили мудофиаи Муборак гуфта буд, ки айбнома бояд лағв гарда, зеро президенти собиқи Миср 600000 долларро ба давлат баргардондааст.

Моҳи апрел додгоҳ дар иртибот бо се қазияи дигари марбут бо фасод ва фармоиши куштори эътирозгарон дар моҳи феврали соли 2011-ум, ҳукми раҳоии шартии Муборакро содир карда буд.

Ошӯби ибтидои соли 2011-ум режими Муборакро аз сари қудрат дур кард.
Мубораки 85-сола то ҳол дар зиндони Тораи канори шаҳри Қоҳира ба сар мебарад.

Дар ҳамон зиндон як идда раҳбарони ҷунбиши Бародарони мусулмон ё худ Ихвонулмуслимин ҳам ҷой дода шудаанд.

Онҳо баъди 3-уми июл, яъне баъди барканоршавии президенти исломгарои Миср МУҳаммад Мурсӣ боздошт намудаанд.

Дар ошӯби моҳи феврали соли 2011-ум, ки 18 рӯз идома ёфта, режими Муборакро барканор намуд, беш аз 840 кас ба ҳалокат расида, ҳазорҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG