Пайвандҳои дастрасӣ

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили ҳамкори дар соҳаи об, ки тайи ду рӯзи ахир дар Душанбе идома дошт, бо қабули Декларатсия ба кори худ поён дод.

Ба муносибати анҷоми ин Конфронс, нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва У Хумба, муовини Дабири кулли СММ барои хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар нимаи дуввуми рӯзи 21-уми август нишасти хабарӣ баргузор карданд.

Дар ин нишаст Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон зимни шарҳи «Декларатсия» таъкид кард, ки ҳукуматҳои кишварҳо дар амри истифодаи дуруст ва ҳалли масоили об нақши муҳим доранд ва аз ин рӯ аз онҳо даъват мешавад, ки барои рушди якҷояи кишварҳои худ паси мизи музокира бинишинанд ва роҳҳалҳоро ба даст оранд. Дар декларатсия омадааст, кишварҳое, ки дар амри ҳалли низоъҳои байни худ дар масъалаи об талош мекунанд ва музокираҳо намуда, наҳваи ҳалли мушкили худро пайдо карданӣ мешаванд, ҳавасманд карда хоҳанд шуд.

Ҳамчунин гуфта шуд, он кишварҳои минтақа, ки барои тақсими дурусти об ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати баҳрабардорӣ аз захоири об бо роҳи маблағгузорӣ мусоидат мекунанд, ҳавасманд карда хоҳанд шуд. Яъне, ин ба он маъност, ки кишварҳои поёноби Осиёи Миёна барои таъмиру тармими сарбандҳои кишварҳои болооб маблағгузорӣ кунанд ва аз роҳи сармоягузорӣ ҳамкории фаъол дошта бошанд.

Аммо раҳбари ҳайати давлати Узбакистон Шавкат Ҳамроев гуфт, ки ба ин банди Декларатсия розӣ буда наметавонад, зеро кишвари поёноб муваззаф нест, ки мустаҳкамсозии сарбандҳоро бар дӯш дошта бошад. Ҷаноби Ҳамроев таъкид кард, «агар ҷӯи ҳамсоя хароб шавад, шумо муваззаф нестед, ки рафтаи ҷуи ӯро таъмир кунед».

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон кишварҳои ҳамсояро дар исрофи захираҳои об ва талоши муттаҳам кардани кившарҳои болооб барои ин масъул медонанд. Онҳо мегӯянд, Узбакистон ин мавзӯъро барои пешгирӣ аз иҷрои тарҳҳои обу энержии кившарҳои болооб суистифода мекунад.

Дар ҳамин ҳол узви ҳайати Узбакистон, сардори раёсати мувозанати об дар Вазорати кишоварзии Узбакистон Шариф Қучқоров ба радиои «Озодӣ» рӯзи 21-уми август гуфт, ҳамоиши Душанбе хуб ҷараён гирифта ва дар он ҳамаи тарафҳо имкон доштанд, ки мавзеи худро баён доранд. Вай афзуд: “Таври маълум Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар поёноби Омӯ ва Сирдарё ҷойгир шудаанд ва биноан, мо ҳамеша як мавзеъгирӣ дорем, ки кор дар ин соҳа бояд шаффоф ва тибқи муқаррароти қатъномаҳои байнулмилалӣ бошад. Зеро ин рӯдҳо муҳиманд ва оби онҳо барои кишоварзӣ, таъмини оби ошомиданӣ, саноат ва ҳифзи муҳити зист муҳим буда, бояд меъёрҳои нигаҳдорӣ шаванд. Истифода захираҳои об бояд тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ ва ба таври боз ҷараён гирад. Яъне кӣ бояд чӣ қадар об гирад ва дар асл чӣ қадар об вуҷуд дорад.”

Ҷаноби Қучқоров лова кард, ки кишварҳои болооб ба қадре оби дарёҳои фаромазиро бояд истифода кунанд, ки ба вазъи иҷтимоӣ ва экологии давлатҳои поёнб зараӣ манфӣ нарасонад. Кучкаров мегӯяд, баргузории чунин конфронсҳо барои ҳаллӣ ихтилофоти истифодаи оби рӯдхонаҳо ба шарте кӯмак хоҳад кард, ки он нуктаҳое, ки дар ин ҷо зикр шуданд, дар амал риоя ва татбиқ карда шаванд.



Дар конфаронси ҳамкориҳо дар риштаи об 1 100 нафар меҳмон аз 70 кишвари хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ширкат карданд, ки дар миёни онҳо нахуствазирони Тайланд, Қирғизистону Мозамбик ва 5 муовини Дабири Кулли СММ буданд. Бист кишвар дар сатҳи вазирон дар конфронс ширкат карданд. Узбакистонро дар ин нишаст Шавкат Ҳамроев, муовини вазири кишоварзӣ ва об ва Шоҳислом Шоқосимов сафири ин кишвар дар Тоҷикистон намояндагӣ карданд. Узбакистон аз кишварҳои поёноб аст, ки ба бунёди неругоҳҳои бузург дар қаламрави ду кишвари Тоҷикистону Қирғизистон мухолифат дорад ва мегӯяд, агар ин давлат ГЭС бисозад, Узбакистон бе об мемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG