Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои осиёии наврасон: Варзишгари тоҷик ба финал баромад


Меҳрангез Назарова, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон, ки дар шаҳри Нанҷинги Чин идома доранд, дар мусобиқаи варзиши сабук ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Вай шоми 21-уми август дар варзишгоҳи Маркази варзишии олимпии Нанҷинг дар давидан ба масофаи 800 метр миёни духтарон ширкат варзид ва бо натиҷаи 2:19.39 дар зергурӯҳи худ мақоми аввалро касб кард. Меҳрангез Назарова дар байни 18 нафар дар мақоми 7-ум қарор гирифт ва ба финал баромад. Сабқати ниҳоӣ шоми панҷшанбеи 22-юми август баргузор мешавад.

Дар давидан ба масофаи 800 метр миёни занон Анҷана Дҳавалу Тамаке аз Ҳиндустон дар даври интихоби натиҷаи беҳтарин - 2:13.21 нишон дод. Ёдовар мешавем, варзишгарони Ҳиндустон таҳти парчами Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Зеро ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Ҳиндустонро ба иллати дахолати ҳукумати ин кишвар ба кори созмони ҷамъиятӣ, муваққатан боздоштааст.

Ба ин тартиб, дар 6 рӯзи мусобиқот 9 варзишгари тоҷик дар чор намуд – дзюдо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук рақобат карданд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои медалдор бо як нишони нуқра ва як биринҷӣ ба мисли Ироқ дар зинаи 20-ум қарор дорад. Аз рӯи шумораи умумии медалҳо бошад, Тоҷикистон 17-ум аст.

Чаҳор варзишгари тоҷик дар риштаи дзюдо - Раҳматуллобек Фарҳодов (то 55 кг), Шукрона Қарчиева (то 44 кг), Расул Саидов (то 66 кг) ва Баҳригул Бобиева (то 52 кг), як нафар дар мусобиқаи вазнабардорӣ - Суннатулло Оев дар вазни то 56 кг, як нафар дар варзиши сабук - Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 1500 метр миёни духтарон ва як нафар дар мусобиқаи шиноварӣ миёни духтарон - Карина Климук дар ду навъи шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули Breaststroke ва тарзи озод аз медалҳои Бозиҳо бенасиб монданд.

Варзишгари аз ҳама хурдсоли мусобиқаи шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод миёни духтарон Карина Климуки 14-сола субҳи имрӯз, 21-уми август дар даври интихобӣ ҳунарнамоӣ кард. Вай дар байни 28 нафар бо натиҷаи 32.13 сония дар мақоми 25-ум қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум шуд. Дар даври интихобӣ Марина Ши Мин Чан аз Сингапур бо натиҷаи 26.65 сония миёни занон мақоми аввалро касб намуд.
Карина Климук, инчунин, рӯзи 22-юми август дар шиноварӣ ба масофаи 100 метр бо тарзи озод вориди рақобат мешавад.

Маросими пӯшидашавии Бозиҳои дувуми осиёии наврасон дар шаҳри Нанҷинги Чин шоми шанбеи 24-уми август доир хоҳад шуд.

Нарзуллоҳи Латиф,
Радиои Озодӣ, Нанҷинги Чин.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG