Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми Бан Ки Мун: Об метавонад сабаби муноқиша шавад


Конфронси Душанбе

Дар шаҳри Душанбе конфронси байналмиллалии ҳамкориҳо дар соҳаи об ба поён расид. Дар ин конфронс Ву Ҳонгбо-муовини Дабири Кулли СММ паёми Бан Ки Мун-дабири Куллро ба ширкаткунандагони конфронс қироат кард.

Дар паём омадааст, ихтилофи назар сари тақсими захоири об метавонад дар оянда сабаби муноқиша шавад. Аз се як ҳиссаи сокинони сайёраи Замин ба об камтар дастрасӣ доранд. Бино ба маълумоти СММ, дар ҷаҳон 800 миллион нафар ба камбуди шадиди об мувоҷеҳ ҳастанд. 2,5 миллиард нафари дигар ба оби солим дастрасӣ надоранд. Тақрибан 5 ҳазор кӯдак ҳар сол аз камбуди оби софи ошомиданӣ ҷон медиҳанд.

Кори конфронс рӯзи чаҳоршанбе ба поён расид ва дар поёни он ширкаткунандагон роҷеъ ба натиҷаҳои он эъломияе ба тасвиб расонданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG