Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои осиёии наврасон: Тоҷикистон ду медал дорад


Бозиҳои дувуми осиёии наврасон бо ширкати варзишгарони 45 кишвар дар шаҳри Нанҷинги Чин идома доранд.

Ба барномаи Бозиҳо 17 риштаи варзиш дохил аст. Баъди ҷамъбасти 5 рӯзи мусобиқот намояндагони 23 кишвар соҳибони медалҳо гардидаанд.

Варзишгарони 15 кишвар медалҳои тиллои Бозиҳоро ба даст овардаанд: Чин (14 тилло), Кореяи Ҷанубӣ (9), Кореяи Шимолӣ (4), Тайван (3), Тайланд, Сингапур ва Малайзия – ҳар кадом 2-тоӣ, Ҳонконг, Ҷопон, Узбакистон, IOA (Independent Olimpic Athletes ё варзишгарони мустақили олимпӣ), Индонезия, Филиппин, Қазоқистон ва Арабистони Саудӣ - ҳар кадом 1-тоӣ.

Дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо (аввалан тилло, баъдан нуқра ва биринҷӣ) мунтахаби Чин бо касби 54 медал (28 тилло, 14 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Кореяи Ҷанубӣ бо 9 медали тилло, 6 нуқра ва 5 биринҷӣ дар ҷойи дувум қарор дорад. Кореяи Шимолӣ бо 4 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи севум мебошад.

Миёни 10 кишвари пешсаф, ки дар 5 рӯзи мусобиқот бо медалҳо мукофотонида шудаанд, ҳамчунин, Тайван (3+6+7), Тайланд (2+7+9), Сингапур (2+5+3), Малайзия (2+2+3), Ҳонконг (1+2+8), Ҷопон (1+2+3) ва Узбакистон (1+2+2) ҷойгир шудаанд.

Варзишгарони Ҳиндустон, ки таҳти парчами Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, 1 медали тилло, 1 нуқра ва 4 медали биринҷӣ гирифтаанд. Ёдовар мешавем, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Ҳиндустонро ба иллати дахолати ҳукумати ин кишвар ба кори созмони ҷамъиятӣ муваққатан боздоштааст.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои медалдор бо як нишони нуқра ва як биринҷӣ ба мисли Ироқ дар зинаи 19-ум қарор дорад. Аз рӯи шумораи умумии медалҳо бошад, Тоҷикистон 15-ум аст. Чин бо 54 медал дар ҷойи аввал, Кореяи Ҷанубӣ бо 20 медал дар ҷойи дувум ва Тайланд бо 18 медал дар ҷойи севуманд.
Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон мунтахаби Чин бо теъдоди аз ҳама бештари варзишгарон – 252 нафар дар ҳамаи 17 намуд ширкат меварзад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Қазоқистон 130 варзишгар, Эрон 79, Узбакистон 61, Туркманистон 17 , Қирғизистон 14, Тоҷикистон 9 ва Афғонистон 8 варзишгар шомиланд. Варзишгарони Афғонистон, Қирғизистон ва Туркманистон то ҳоло медал ба даст наовардаанд.

Фаррухи Салим

Фаррухи Салим

Ёдовар мешавем, ки аввалин медалро ба Тоҷикистон Фаррухи Салим, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар риштаи дзюдо овард. Вай шоми рӯзи 19-уми август дар вазни то 81 килограмм аз 5 қувваозмоӣ дар чаҳортоаш пирӯз шуд ва барои ҷои севум бар паҳлавони Қазоқистон Ерасул Болат ғалабаи соф («иппон») ба даст овард ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Фаррухи Салим баъди анҷоми маросими медалсупорӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ чунин гуфт: «Ман 6-уми июли соли 1996 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудаам. Феълан дар синфи 11-уми мактаб-гимназияи рақами 1-и шаҳри Душанбе таҳсил мекунам. Ман шогирди мураббии варзида Носир Бозоров мебошам. Мо ба ин мусобиқа 6 моҳ омодагии хуб дидем. Хеле хушҳолам, ки муваффақ шудам ва бо медал ба Ватан бармегардам. Аз дастгирии мухлисони худ, ки дар байнашон падарам ҳам буданд, сипосгузорам. Минбаъд кӯшиш мекунам, ки дар арсаи ҷаҳон парчами Тоҷикистонро баланд бардорам ва ба мисли паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев дар Бозиҳои олимпӣ соҳиби медал шавам. Умуман, орзӯи ман қаҳрамони ҷаҳону Бозиҳои олимпӣ шудан аст.»

Медали дувуми Тоҷикистон ба Зоир Шералиев мутааллиқ аст. Вай шоми сешанбеи 20-уми август дар сабқати гурзандозӣ дар бузургтарин варзишгоҳи Маркази олимпии варзишии Нанҷинг медали нуқра ба даст овард. Сабқати гурзандозӣ бидуни даври интихобӣ сурат гирифт. Зеро теъдоди ширкаткунандагони рақобатҳо ҳамагӣ 7 нафар буд: дунафарӣ аз Чин, Кувайт ва Ироқ ва як нафар аз Тоҷикистон. Ҳар як варзишгар гурзро 6 маротиба ҳаво дод ва натиҷаи беҳтаринаш ба ҳисоб гирифта шуд.

Варзишгари Чин Юанбо Динг дар партофти 6-ум бо натиҷаи 73 метру 73 сантиметр ба унвони қаҳрамони Бозиҳо даст ёфта, соҳиби медали тилло гардид. Зоир Шералиев бошад, дар навбати 5-ум натиҷаи беҳтаринашро нишон дод. Вай гурзро ба масофаи 62 метру 44 сантиметр партофта, мақоми дувумро касб кард ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Ҳусейн Ал-Байатӣ аз Ироқ бо натиҷаи 62 метру 11 сантиметр севум шуд ва медали биринҷӣ гирифт.

Зоир Шералиев

Зоир Шералиев

Зоир Шералиев баъди анҷоми сабқати гурзандозӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ чунин иброз дошт: «Ман 20-уми апрели соли 1997 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадаам. Имсол мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоили варзиширо хатм кардам ва ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дохил шудам. Устоди ман дар гурзандозӣ варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров мебошад. Ман 3-4 сол аст, ки бо ин навъи варзиш машғгулам. Ман ба ин мусобиқа омодагии хуб дидам ва мақсад доштам, ки ба унвони қаҳрамони Бозиҳо мушарраф шавам. Вале рақиби асосии ман аз Чин Юанбо Динг гурзро ба масофаи аз 73 метр дуртар партофт. Яъне ин натиҷаи ӯ нисбат ба натиҷаи ман беш аз 10 метр дуртар аст. Вале ман хурсандам, ки соҳиби медали нуқра шудам. Ин дастоварди беҳтарини ман аст. Соли оянда дар Олимпиадаи дувуми тобистонаи наврасон дар Нанҷинги Чин мекӯшам, ки ғолиб шуда, парчами Тоҷикистонро баланд бардорам.»

Дар мусобиқаи варзиши сабук шоми 19-уми август боз як варзишгари тоҷик - Меҳрангез Назарова дар даври ниҳоӣ дар давидан ба масофаи 1500 метр миёни духтарон ширкат варзид ва дар байни 17 нафар бо натиҷаи 4:45.63 дар мақоми панҷум қарор гирифт.

Дар давидан ба масофаи 1500 метр миёни занон Гиою Зао бо натиҷаи 4:35.06 пирӯз шуд. Априлия Картина аз Индонезия бо натиҷаи 4:36.65 дувум ва Ёнгсун Парк аз Кореяи Чануби бо натиҷаи 4:38.97 севум шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон дар Нанҷинги Чин 9 варзишгар (5 писар ва 4 духтар) дар 4 ришта – вазнабардорӣ (1 писар), варзиши сабук (1 писару 1 духтар), дзюдо (3 писару 2 духтар) ва шиноварӣ (1 духтар), инчунин, чаҳор мураббӣ - Носир Бозоров (дзюдо), Бобохон Сангов (вазнабардорӣ), Ҷамшед Расулов (варзиши сабук) ва Катерина Измайлова (шиноварӣ) шомиланд.

Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон дар Нанҷинг, инчунин, аз Тоҷикистон боз ду нафар – яке ба ҳайси довар ва дувумӣ ба ҳайси комиссар ширкат доранд. Шариф Давлатов, раиси Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон, довари мусобиқаи вазнабардорӣ ва Давлатманд Исломов, корманди Федератсияи футболи Тоҷикистон комиссари бозиҳои мусобиқаи футбол мебошанд.

Дар 5 рӯзи мусобиқот 9 варзишгари тоҷик дар чор намуд – дзюдо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук рақобат карданд. Вале 4 нафарашон дар риштаи дзюдо - Раҳматуллобек Фарҳодов (то 55 кг), Шукрона Қарчиева (то 44 кг), Расул Саидов (то 66 кг) ва Баҳригул Бобиева (то 52 кг), як нафар дар мусобиқаи вазнабардорӣ - Суннатулло Оев дар вазни то 56 кг, як нафар дар варзиши сабук - Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 1500 метр миёни духтарон ва як нафар дар мусобиқаи шиноварӣ миёни духтарон - Карина Климук дар ду навъи шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули Breaststroke ва тарзи озод аз медалҳои Бозиҳо бенасиб монданд.

Варзишгари аз ҳама хурдсоли мусобиқаи шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод миёни духтарон Карина Климуки 14-сола субҳи имрӯз, 21-уми август дар даври интихобӣ ҳунарнамоӣ кард. Вай дар байни 28 нафар бо натиҷаи 32.13 сония дар мақоми 25-ум қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум шуд. Дар даври интихобӣ Марина Ши Мин Чан аз Сингапур бо натиҷаи 26.65 сония миёни занон мақоми аввалро касб намуд.
Дарвоқеъ, натиҷаи нишондодаи Карина нисбат ба натиҷаи шиновари Афғонистон Иброҳим Раҷабӣ (32.26) дар ин намуд, ки миёни писарон дар мақоми охирин қарор гирифт, 0.13 сония беҳтар аст.

Карина Климук, инчунин, рӯзи 22-юми август дар шиноварӣ ба масофаи 100 метр бо тарзи озод вориди рақобат мешавад. Шоми чоршанбеи 21-уми август Меҳрангез Назарова, инчунин, дар давидан ба масофаи 800 метр рақобат мекунад.

Маросими пӯшидашавии Бозиҳои дувуми осиёии наврасон дар шаҳри Нанҷинги Чин шоми шанбеи 24-уми август доир хоҳад шуд.

Нарзуллоҳи Латиф,
Радиои Озодӣ, Нанҷинги Чин.
XS
SM
MD
LG