Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизҳо ҳар моҳ ба Тоҷикистон 5 000 тон семент медиҳанд


Жанторо Сотиболдиев-нахуствазири Қирғизистон баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, таъмири роҳҳои байни Қирғизистону Тоҷикистон пойбандии ин ду кишварро камтар мекунад. Вай хостори густариши ҳамкориҳо дар бахши нақлиёт шуд.

Дар иҷлоси ғайрирасмии кишварҳои узви созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Бишкек дар бораи сохтмони роҳи оҳани миёни Русияву Қазоқистон ва Қирғизистону Тоҷикистон тавофуқ ба даст омада буд ва моҳи май дар Бишкек дар ин мувофиқатнома Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ имзо гузошт.

Жанторо Сотиболдиев-нахуствазири Қирғизистон ҳамчунин гуфт, ки кишвараш ҳар моҳ ба Тоҷикистон 5 ҳазор тон семент медиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG