Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Кветта маводеро боздошт карданд, ки аз он бам месозанд


Кветта, маводе, ки аз он бам месозанд

Кветта, маводе, ки аз он бам месозанд

Нируҳои амниятии Покистон 100 тон маводеро дастгир карданд, ки аз он бам месозанд. Шаби сешанбе дар шаҳри Кветта дар ҷараёни амалиёте 10 нафар боздошт шуданд. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки маводи мусодирашуда аз ҳамон маводест, ки дар бамгузориҳои аввали соли ҷорӣ истифода шуда буд ва дар он тақрибан 200 нафар кушта шудаанд.

Сарҳанг Мақбул Шоҳ гуфт, амалиёти Кветта замоне анҷом гирифт, ки 2 мард ҳангоми интиқоли 15 тон хлорити потассиум дар мошине боздошт шуданд. Ба гуфтаи Мақбул Шоҳ, ин ду мард амбори ин мавод ва ҷоеро нишон додаанд, ки аслиҳаву муҳимот нигаҳдорӣ мешуд.

Шаҳри Кветта маркази Балуҷистони Покистон аст.
XS
SM
MD
LG