Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон-2013: Натоиҷи қуръакашии даври 1/8-ниҳоӣ


Рӯзи 20-уми август дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) қуръакашии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 доир шуд.

Дар даври ҳаштякниҳоӣ барои Ҷоми футболи кишвар 10 дастаи лигаи олӣ ва 6 дастаи лигаи аввал мубориза мебаранд. Бар асоси қуръакашӣ дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд: ССКА «Помир» - «Регар-ТадАЗ», «Нури Норак» - «Энергетик», «Зарафшон» - «Эсхата», «Вахш» - «Хайр», «Далерон-Ӯротеппа» - «Равшан», «Бохтар» - «Парвоз», «Истаравшан» - «Кӯктош+С», «Хуҷанд» - «Истиқлол».

Бозиҳои аввали даври 1/8-ниҳоӣ 23-24-уми август, бозиҳои ҷавобӣ 27-28-уми август доир хоҳанд шуд. Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2013, ки рӯзи 5-уми октябр дар бозии ниҳоӣ маълум мешавад, ҳуқуқ пайдо мекунад Тоҷикистонро соли 2014-ум дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) намояндагӣ кунад.

Ҷоми Тоҷикистон - 2013

1/8 финал
Бозиҳои аввал. 23-юми август, ҷумъа. Оғози бозиҳо – соати 17.00
ССКА «Помир» - «Регар-ТадАЗ»
«Нури Норак» - «Энергетик»
«Зарафшон» - «Эсхата»
«Вахш» - «Хайр»
«Далерон-Ӯротеппа» - «Равшан»

24-уми август, шанбе. Оғози бозиҳо – соати 17.00
«Бохтар» - «Парвоз»
«Истаравшан» - «Кӯктош+С»
«Хуҷанд» - «Истиқлол»

Бозиҳои ҷавобӣ. 27-уми август, сешанбе. Оғози бозиҳо – соати 16.30
«Регар-ТадАЗ» - ССКА «Помир»
«Энергетик» - «Нури Норак»
«Эсхата» - «Зарафшон»
«Хайр» - «Вахш»
«Равшан» - «Далерон-Ӯротеппа»

28-уми август, чоршанбе. Оғози бозиҳо – соати 16.30
«Парвоз» - «Бохтар»
«Кӯктош+С» - «Истаравшан»
«Истиқлол» - «Хуҷанд»
XS
SM
MD
LG