Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон гуфтааст, ки тақсими обҳои фаромарзӣ дар минтақа бояд одилона ва мутобиқ ба қавонини байналмилалӣ сурат бигирад.

Муовини вазири кишоварзӣ ва мелиоратсияи Узбакистон Шавкат Ҳамроев, ки ҳайати кишварашро дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили ҳамкории об дар Душанбе раҳбарӣ менамояд, зимни таъкиди ин нуқта гуфтааст, ки «ҳеҷ кас ҳақ надорад ба муҳити атроф ва кишварҳои наздисоҳилӣ зарар расонад.»

Раҳбари ҳайати Узбакистон дар Ҳамоиши ҷаҳонии об Душанбе пешниҳод кардааст, ки механизмҳое, ки дар рафти баррасии масоили ҳамкорӣ оиди обҳои фаромарзӣ дар дигар кишварҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд, дар кишварҳои Осиёи Миёна низ амалӣ шаванд.

Изҳори назари намояндаи Узбакистон дар ҳолест, ки чанд соат қабл аз ӯ , нахуствазири Қирғизистон дар ин ҳамоиш гуфт, ки кишвараш қатъи назар аз мухолифатҳо, ба бунёди нерӯгоҳҳо оғоз кардаст.

Жанторо Сотиболдиев, нахуствазири Қирғизистон гуфт, ки сарватҳои нафту гази кишвараш хеле маҳдуд аст ва ин кишвар обро захираи стратегӣ арзёбӣ мекунад. Нахуствазири давлати ҳамсоя гуфт, Қирғизистон минбаъд низ кӯшиш мекунад, ки бо истифода аз захоири об тавлиди барқро бештар кунад. Ба таъкиди нахуствазири Қирғизистон, ин кишвар ҳоло танҳо 20 дарсади захоири обиашро истифода мекунад ва боқимонда ба ҳамсоякишварҳо меравад.

Дар ин ҳамоиш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷуҳмури Тоҷикистон, кишвари дигари минтақа, ки аз захоири об ғанӣ буда, вале газу нафти фаровон надорад, бештар дипломатӣ сӯҳбат кард ва ҳамсояҳои даъвогари обро ба ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуд.

Аммо Оғобой Смагулов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон дар ҳошияи ин ҳамоиш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои истифодаи баробар ва одилонаи об дар минтақа бояд консорсиуми об сохта шавад: «Қазоқистон аз аввал пешниҳод карда буд, ки дар минтақаи Осиёи Миёна консорсиуми истифодаи об таъсис дода шавад. То ин, ки якҷо ва баробар захираҳои об дар кишварҳои минтақа истифода шаванд. Ҳатто ҳуҷҷатҳо ва консепсияи ин консорсиум низ таҳия шуда буданд. Аммо то ба ҳол ин чиз раҳандозӣ нашудааст, вале Қазоқистон то ба ҳол ҷонибдори созмони чунин консорсиум ҳаст».

Дар Осиёи Марказӣ солҳост, ки баҳсу кашмакаш миёни Тоҷикистону Қирғизистон ду кишвари болооб ва Узбакистону Қазоқистону Туркманистон се кишвари поёноб идома дорад. Созмони Милал соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об эълон кардааст. Ба гуфтаи ҳамин созмон, аз миёни 276 рӯдхонаи фаромарзӣ дар бештар аз нисфи ҳавзаҳои онҳо чаҳорчӯби ҳамкорӣ барои мудирияти дурусти захираҳои об вуҷуд надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG