Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе


Рӯзи 21 август дар Душанбе нишасти байналмилалӣ дар бораи ҳамкориҳо барои баҳбардорӣ аз захираҳои об идома мекунад. Дар ҳамоиши байналмилалӣ, ки рӯзи сешанбе шурӯъ шуд, 900 намоянда аз бештар аз 100 кишвари ҷаҳон ҳузур доранд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи сешанбе зимни ифтитоҳи ин нишаст гуфт, захираҳои об дар Осиёи Марказӣ як гӯшаи хушки курраи Замин коҳиш меёбад ва зарур аст, то кишварҳои минтақа барои баҳрабардории муносиб аз ин захираҳо ҳамкорӣ кунанд:“Аз фурсат истифода бурда, мехостам бори дигар изҳор намоям, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд.”
Дар Осиёи Марказӣ солҳост, ки баҳсу кашмакаш миёни Тоҷикистону Қирғизистон ду кишвари болооб ва Узбакистону Қазоқистону Туркманистон се кишвари поёноб идома дорад. Созмони Милал соли 2013- ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об эълон кардааст. Ба гуфтаи ҳамин созмон, аз миёни 276 рӯдхонаи фаромарзӣ дар бештар аз нисфи ҳавзаҳои онҳо чаҳорчӯби ҳамкорӣ барои мудирияти дурусти захираҳои об вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG