Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳаммад Бадеъ 15 рӯз дар боздошт мемонад


Телевизиони давлатии Миср мегӯяд, Муҳаммад Бадеъ, раҳбари созмони исломгарои Ихвонулмуслимин, то замони таҳқиқи иттиҳомоти таҳрик ба қатли тазоҳургарон барои 15 рӯз дар боздоштгоҳ мемонад. Муҳаммад Бадеъи 70-соларо, ки бештар аз як моҳ боз пинҳон буд, маъмурони амниятӣ рӯзи сешанбе дар шаҳри Қоҳира дастгир карданд. Ҳукумати муваққатии Миср мегӯянд, ки ин раҳбари Ихвонулмуслимин қабл аз барканории раиси ҷумҳури пешин Муҳаммад Мурсӣ, дар тазоҳуроте дар назди қароргоҳи созмон дар Қоҳира тарафдоронашро ба қатли эътирозгарони мухолифи Мурсӣ таҳрик додааст. Артиши Миср баъди тазоҳуроти азими мардумӣ, рӯзи 3-уми Муҳаммад Мурсӣ раиси ҷумҳури пешин ва як пешвои дигари Ихвонулмуслиминро аз мақомаш барканор ва сипас дастгир кард. Боздошти Муҳаммад Бадеъ дигарбора нигарониҳо аз такрори хушунат дар Мисрро барангехт. То кунун дар даргириҳо миёни тарафдорони Мурсӣ ва маъмурони амниятӣ тақрибан 900 нафар кушта шудаанд. Исломгароёни Миср мехоҳанд, Мурсӣ дар мақомаш барқарор шавад.
XS
SM
MD
LG