Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳмон бо нахуствазири Қирғизистон мулоқот мекунад


Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо Жанторо Сотиболдиев, нахуствазири Қирғизистон, масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва аз ҷумла масъалаи тақсиму аломатгузории марзи ду кишварро баррасӣ кунад. Нахуствазири Қирғизистон рӯзи сешанбе бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд ва интизор меравад, рӯзи сешанбе бо Оқил Оқилов, ҳамтои тоҷики худ дидору гуфтугӯ кард. Вазорати умури хориҷӣ дар шарҳе доир ба ин сафар гуфтааст, ки Тоҷикистону Қирғизистон тайи 20 соли гузашта ҳамкориҳои хубу ҳасана доштаанд ва мубодилоти мол миёни ду кишвар дар 6 моҳи соли равон тақрибан 94 миллион долларро ташкил додааст, ки чаҳор баробар бештар аз нишондиҳандаи соли 2012 аст. Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд ва 470 километри он ҳанӯз тақсиму аломатгузорӣ нашудааст. Сокинони рустоҳои марзӣ борҳо сари замину чарогоҳ ва ё тақсими об бо ҳам ҷанҷолу муноқиша кардаанд.
.
XS
SM
MD
LG