Пайвандҳои дастрасӣ

Таъйиди ҳукми истирдоди Умаралӣ Қувватов


Умаралӣ Қувватов тақрибан ним сол аст, ки дар боздоштгоҳе дар Дубай нигаҳ дошта мешавад.

Умаралӣ Қувватов тақрибан ним сол аст, ки дар боздоштгоҳе дар Дубай нигаҳ дошта мешавад.

Додгоҳи Дубай ҳукми истирдоди Умаралӣ Қувватов, раҳбари Гурӯҳи 24, як созмони мухолифи давлати Тоҷикистонро бетағйир гузоштааст.

Анвар Қувватов, бародари Умаралӣ, дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ гуфт, ки муҳокимаи парвандаи истирдод, як моҳ пеш рӯзи 22 июл сурат гирифтааст, вале ӯ ҳанӯз дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта мешавад. Анвар Қувватов, ки аз тариқи Скайп ва аз Қирғизистон сӯҳбат мекард, гуфт намедонад, ки чаро то кунун хабари мазкурро аз онҳо пинҳон доштаанд: «Имрӯз ба мо маълум шуд, ки муҳокимааш на ин ки 18 август, балки як моҳ пеш баргузор шудааст. Додгоҳи таҷдиди назар ҳам, ҳукми додгоҳи поёниро бетағйир гузоштааст, яъне депортатсия шавад. Вале чаро як моҳ ӯро дар боздоштгоҳ нигаҳ медоранд ва намемонанд, ки сӯҳбат кунем, ман чизе дар ин бора гуфта наметавонам.»

Ба қавли Анвар Қувватов, ҳатто бародараш ҳам намедонад, ки қарори истирдоди ӯ ба Тоҷикистон қабул шудааст ва талоши онҳо барои сӯҳбат бо вакили дифоъ ҳам ҳеҷ натиҷа надодааст. Анвар Қувватов афзуд, бар асоси қонуни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ пас аз қарори додгоҳи таҷдиди назар дигар коре карда намешавад, аз ин рӯ онҳо мехоҳанд, ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ муроҷиат кунанд, то дар додани паноҳгоҳи сиёсӣ ба Умаралӣ Қувватов мусоидат намоянд. Аммо Алӣ Ҳаддод як вакили дифоъи муқими Дубай ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бар асоси қонун, эҳтимоли то ба вазорати адлия расидани парвандаҳои истирдоди муттаҳамон вуҷуд дорад ва сухани ниҳоӣ дар чунин қазияҳо аз ҳамин ниҳод аст.

Ба қавли Анвар Қувватов ӯ бовар надорад, ки баъди истирдоди бародараш, ӯро дар Тоҷикистон одилона муҳокима кунанд: «Агар ӯро накушанд ҳам азоб дода ва чанд гуноҳи дигарро ба сараш мезананд ва мисли дигарон 20, 25 ё 30 сол зиндон мекунанд.»


Умаралӣ Қувватов, аз шарикони собиқи тиҷоратии хешовандони раиси ҷумҳури Тоҷикистонро, дар кишвар ба дуздии 6 миллион сомонӣ ва ё тақрибан 1 миллиону 200 ҳазор доллар муттаҳам мекунанд. Ӯ баъди тарки Тоҷикистон дар ду соли пеш дар Маскав иқомат дошт ва тобистони соли 2012 эълон кард, ки бо таъсиси созмони мухолифи давлат бо номи Гурӯҳи 24 ба сиёсат ворид мешавад. Умаралӣ Қувватов баъди ин бо мусоҳибаҳое, мақомоти расмии Тоҷикистонро асабонӣ кард, аз ҷумла бо баёнияҳои баҳсбарангезе доир ба вуҷуди фасоду ришватхорӣ дар ҳалқаҳои наздик ба раиси ҷумҳур ва ҳамчунин нашри як сӯҳбати телефонӣ, ки ба гуфтаи Умаралӣ Қувватов, аз домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст.

Умаралӣ Қувватов дар гузашта аз моликони ширкатҳои хусусии “Фароз” ва “Тоҷирон” ду воридкунандаи аслии маводи сӯхт ба Тоҷикистон будааст, ки ҳоло ин ширкатҳоро мутаалиқи яке домодҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон медонанд. Умаралӣ Қувватовро декабри соли 2012 зимни сафараш аз Маскав ба Дубай, бо дархости мақомоти расмии Тоҷикистон дар фурудгоҳи ин шаҳр боздошт карданд. Ӯ бештар аз 6 моҳ боз дар боздоштгоҳ аст ва аз ҷумла намояндагони дафтари Интерпол дар Тоҷикистон барои мусоидат ба бозгардонидани ӯ ба Дубай ҳам рафтаанд.

Бар асоси қонун дар Дубай, агар додгоҳи таҷдиди назар, далелу бурҳони кофӣ барои рад кардани дархости истирдодро наёбад, ду ҳафта ва ё як моҳ зарур мешавад, то фарди муттаҳамро истирдод кунанд. Мумкин аст, ин мӯҳлат бо назардошти иҷрои расмиёт тӯл бикашад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҷумла Авфи Байналмилал хостааст, то Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон истирдод нашавад, зеро мумкин аст, ӯро дар онҷо азобу шиканҷа кунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG