Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё котиба будан бехатар аст?


Додситонии вилояти Хатлон ба таҳқиқи қазияи як полковники Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва котибаи ӯ пардохтааст.

Манобеи додситонӣ мегӯянд, ин афсари пулис раҳбарии яке аз ниҳодҳои сатҳи вилоятии Вазорати умури дохилиро бар ӯҳда дошта, дар кӯшиши таҷовуз ба номуси котибаи худ гумонбар дониста мешавад. Гуфта мешавад, ки ин полковники ВУД ба ҷойи кораш дар ҳоли мастӣ ҳозир шуда, аз котибааш талаб кардааст, ки дар ҳуҷраи кориаш бо ӯ хилват монад ва талоше барои дастдарозӣ ба номусашро анҷом додааст.

Муфаттишони додситонӣ аз ироаи тафсилоти бештари ин ҳодиса бо таваҷҷуҳ ба «ҳифзи сирри тафтишот» худдорӣ мекунанд. Вале ин афсари пулис, ки дар симмати баланди раҳбарӣ қарор дошт, ҳоло аз мақомаш барканор шудааст.
Қазияи мазкур дар миёни ходимони давлатӣ ва кормандони идораю муассисаҳо сару садоҳоеро ба бор оварда, бархе ҷавонзанонеро, ки дар мақоми котибагӣ кор мекарданд, моил ба тарки мақоми худ намудаанд.

Чунин ба назар мерасад, ки котибаи раиси ин ё он ниҳоди давлатӣ ё муассисаҳои хусусӣ будан боиси пайдоиши ҳар гуна овозаҳои манфӣ дар миёни мардум мешавад.

Салоҳиддин Неъматов, ҷомеашиноси маҳаллӣ, мегӯяд, «ин касб чандон обрӯи зиёд надорад, ҳарчанд баъзе роҳбарон талош мекунанд, ки духтарони хушчеҳраю қоматбаландро ба ин кор қабул кунанд. Донишу ҳунари кордонии онҳо ҳам муҳим аст, аммо ин шарти аввал ва ҳатмӣ нест. Ҷое эълонеро хонда будам, ки дар кадом ширкате ба котиба ниёз доранд ва яке аз шартҳояш ин буд, ки котиба ба ҷуз кор бо компутару анҷом додани корҳои маъмурӣ, ҳамчунин ҳунари маҳскашӣ ва мисли инро ҳам бояд дошта бошад…»


Бархе аз ҷавондухтарони маҳаллӣ ҳам ба манзури миёни мардум «бадном» нашудан аз кори котибагӣ истиҳола мекунанд.Зулфия, сокини ноҳияи Бохтар мегӯяд, «беҳтараш дар хона бекор мешинам, аммо котиба будан намехоҳам, зеро на ҳама роҳбарон ба котиба ҳамчун ба ҳамкори худ муносибат мекунанд, балки фикр мекунанд, ки онҳо каниз ҳастанд ва ба худашон иҷоза медиҳанд, ки бо котибаҳо муносибати ғайрикориро ҳам раво бинанд…»

Аммо Мунира, котибаи яке аз муассисаҳои давлатӣ, ба мо гуфт, «ба ҳар одам вобаста ба ақлу одобу рафтораш муносибат мекунанд. Ман, ки одами таҳсилдидаам, ҳурмати худро медонам, рост ба ҷойи кор рафта, рост ба хона бармегардам, касе дар бораи ман ҳарфи беҷо намегӯяд. Бо роҳбарам ҳам муносибати хуб дорам, аммо танҳо дар доираи корӣ",

Салим Ҳалимов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ба котиба будани духтаронаш розӣ нест, зеро, "духтаронам ҳамаашон маълумоти олӣ доранд, ба онҳо намезебад, ки бо чунин маълумот котибагӣ кунанд".

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди соҳибназарон, солҳои охир баъзе роҳбарони эҳтиёткор занҳои калонсолро ба котибагӣ мепазиранд, то гирифтори кадом тӯҳмати ноҳақ ва "қаҳрамони овозаҳо"-и мардумӣ нашаванд.

Як корманди мақомоти давлатӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, баъзан худи ҷавондухтарон котибаи роҳбарони идораю ширкатҳо мешаванд ва бо ҷустани қаробат бо кордиҳандаи худ ба мақомҳои баландтаре мерасанд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, ҳама котибаҳоро наметавон одамони боғаразу бадандеш номид. "Раис ҳам бояд инсони поквиҷдон бошад. Ман бо котибаам мисли духтари худам муносбат мекунам. Агар одам тарбияи хуб ёфта бошад, корашро содиқона анҷом диҳад, ягон одами ҳушманд ба ӯ сухани бад намегӯяд», изҳор намуд мусоҳиби мо. Ӯ афзуд, ҳоло раисони баъзе шаҳру навоҳии Хатлон аз хизмати котибаҳои ҷавон даст кашида, котиб ё ёвари ҷинси мардро дар қабулгоҳашон ҷой медиҳанд.

Қазияи полковники шавҳатпараст ва кӯшиши дастдарозии ӯ ба номуси котибааш, бархе аз онҳоеро, ки феълан дар идораҳо котиба шуда кор мекунанд, нигарон кардааст ва онҳо ин вазифаро барои худ хатарнок мехонанд.Нимаи аввали соли равон ҷасади сӯхтаву беҷони собиқ котибаи прокуратураи нозири маҳбасҳои Хатлонро, ки ба таври асрорангез ғайб зада буд, пас аз чанд рӯзи ҷустуҷӯ пайдо карданд. Муфаттишон гуфтанд, ки ҷавоне ин духтарро дӯст дошта, намехостааст, ки дар идораи давлатӣ котибаи роҳбаре бошад ва гӯё аз рашк ӯро ба қатл расонидааст.
XS
SM
MD
LG