Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пиразани рус барои шиори "марг ба тоҷикон" ҷазо гирифт


Дар Русия бегонаситезӣ дар миёни ҷавонон зиёд ба назар мерасад, аммо дар миёни солхӯрдагон кам аст.

Дар Русия бегонаситезӣ дар миёни ҷавонон зиёд ба назар мерасад, аммо дар миёни солхӯрдагон кам аст.

Додгоҳе дар вилояти Тулаи Русия як зани 58-соларо ба барангехтани адоват нисбат ба тоҷикон гунаҳкор дониста ва ба кори иҷборӣ маҳкум кардааст.

Дар дафтари матбуоти додгоҳи ноҳияи Ясногорский рӯзи 20-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Галина Скрипова сокини ҳамин ноҳия бинобар хусумати шахсӣ нисбат ба мардуми тоҷик дар девори истгоҳҳову фурӯшгоҳу муассисаҳои дигари ноҳия бо ҳуруфи бузург “марг ба тоҷикон” навиштааст.

Ба гуфтаи додгоҳ, хонум Скрипова тақрибан се моҳ, яъне аз моҳи январ то моҳи марти соли равон ба ин кораш идома дода ва махсус барои ин кор ранг ҳам харидааст. Додгоҳи ноҳияи Ясногорский мегӯяд, Галина Скрипова бинобар муносибати бад нисбат ба як зодаи Тоҷикистон ва хусумати шахсӣ нисбат ба ӯ, ба тамоми тоҷикон адовату нафрат пайдо карда ва сипас ба чунин кор даст задааст.

Дар баёнияи додситонии Тула омадааст, ки Галина Скрипова ба хотири барангехтани адоват нисбат ба тоҷикон дар девори шифохонаи ноҳия ва корхонаи мошинсозии ноҳияи Ясногорский низ “марг ба тоҷикон” навиштааст. Зани солхӯрдаи рус дар додгоҳ гуноҳи худро эътироф кардааст ва ӯро бар асоси моддаи аввали банди 282-уми Кодекси Ҷиноии Русия, яъне “барангехтани ошкори адовати миллӣ” ба 150 соати кори иҷборӣ маҳкум кардаанд.

Галина Скрипова ҳақ доштааст, то чанд рӯзи дигар аз ин ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят барад. Дар Русия агарчӣ бегонаситезӣ дар миёни ҷавонон ва гурӯҳҳои миллатгаро мушоҳида шудааст, аммо ба ин кор даст задани афроди калонсол аҳёнан ба назар мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG