Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрҳои қадимии Тоҷикон ба ЮНЕСКО пешниҳод мешаванд


Ирина Бокова ва Эмомалӣ Раҳмон

Ирина Бокова ва Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистон мехоҳад ёдгориҳои қадимиро барои ворид кардан ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО омода кунад.

Ирина Бокова-мудири кулли ЮНЕСКО ё Бунёди Ҷаҳонии омӯзишӣ ва илмиву фарҳангии СММ, ки барои ширкат дар кори конфронси байналмиллалии ҳамкориҳо дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе ба сар мебарад, дар ҳошияи ин конфронс
дар мулоқоте бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон масоили марбут ба ворид кардани шуморе аз ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, аз қабили шаҳрҳои қадимаи Ҳулбук,
Кӯли Сарез

Кӯли Сарез

Ҳисор ва Панҷакент (дар доираи лоиҳаи Шоҳроҳи Бузурги абрешим) ба Феҳристи Мероси Умумиҷаҳонӣ ва таҷлили санаҳои таърихиро баррасӣ карданд.
Дар мулоқот бо Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон низ ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории ЮНЕСКО бо Тоҷикистон гуфтугӯ карданд. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар дод.
21 август хонум Бокова дар Китобхонаи Миллиии Тоҷикистон дар Душанбе дар маросими гушоиши Гӯшаи ЮНЕСКО ё UNESCO Corner ширкат меварзад.
Бар асоси барнома интизор меравад, ки Мудири куллии ЮНЕСКО аз Парки Миллии Тоҷикистон дар Бадахшон низ боздид кунад.

Ду моҳ пеш 21 июн Парки Миллии Тоҷикистон ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шуд. Ҳанӯз дар моҳи августи соли 2010 Кумитаи мероси фарҳангии ин муассисаи илмӣ ва фарҳангии Созмони Милал шаҳри қадимии Саразми Панҷакентро чун ёдгории таърихӣ ба феҳрасти мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид карда буд.

ЮНЕСКО дар соли 2009 иди Наврӯз ва дар соли 2003 мусиқии классикии "Шашмақом"-ро ба феҳрасти мероси маънавии инсоният ворид кардааст.

Тоҷикистон ҳамчунин солҳост, пешниҳод дорад, ки ба феҳристи ёдгориҳои фарҳангии ҷаҳон Мақбараи Амир Ҳамза, "Тахти Сангин", "Бойтӯдашт", "Хоҷа Машҳад", Аҷинатеппа, Ҳулбук, мақбараи Муҳаммади Башоро, қалъаи Қаҳқаҳа, Бешаи Палангон, мамнӯъгоҳи Дашти Ҷам, силсилакӯҳҳои Фон ва Зоркӯл шомил карда шаванд. Аммо дар ҳоли ҳозир танҳо ду пешниҳоди Тоҷикистон амалӣ шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG