Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали дувуми Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёии наврасон


Зоир Шералиев, варзишгари тоҷик (аз чап аввал)
Зоир Шералиев, варзишгари тоҷик (аз чап аввал)

Зоир Шералиев, варзишгари ҷавони точик, дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон дар Нанҷинги Чин дар гурзандозӣ медали нуқра ба даст овард.

Сабқати гурзандозӣ шоми сешанбеи 20-уми август дар бузургтарин варзишгоҳи Маркази олимпии варзишии Нанҷинг баргузор шуд.

Ин мусобиқа бидуни даври интихобӣ сурат гирифт. Зеро теъдоди ширкаткунандагони сабқати гурзандозӣ ҳамаги 7 нафар буд: дунафарӣ аз Чин, Кувайт ва Ироқ ва як нафар аз Тоҷикистон. Ҳар як варзишгар гурзро 6 маротиба ҳаво дод ва натиҷаи беҳтаринаш ба ҳисоб гирифта шуд.

Варзишгари Чин Юанбо Динг дар партофти 6-ум бо натичаи 73 метру 73 сантиметр ба унвони қаҳрамони Бозиҳо даст ёфта, соҳиби медали тилло гардид.

Зоир Шералиев бошад, дар навбати 5-ум натиҷаи беҳтаринашро нишон дод. Вай гурзро ба масофаи 62 метру 44 сантиметр партофта, мақоми дувумро касб кард ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Ҳусейн Ал-Байати аз Ироқ бо натиҷаи 62 метру 11 сантиметр севум шуд ва медали биринҷӣ гирифт.

Дарвоқеъ, медали Зоир Шералиев медали дувуми Тоҷикистон дар ин Бозиҳо ба шумор меравад. Ёдовар мешавем, ки нахустин медалро дар ин Бозиҳо барои Тоҷикистон Фаррухи Салим овардааст. Вай рӯзи душанбеи 19-уми август дар сабқати дзюдо дар вазни то 81 кг мақоми севумро азони худ кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар мусобиқаи варзиши сабук шоми 19-уми август боз як варзишгари тоҷик - Меҳрангез Назарова дар даври ниҳоӣ дар давидан ба масофаи 1500 метр миёни духтарон ширкат варзид ва дар байни 17 нафар бо натиҷаи 4:45.63 дар мақоми панҷум қарор гирифт.

Гузориши муфассали хабарнигори Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф аз маҳали баргузории Бозиҳои дувуми осиёии наврасон дар Нанҷинги Чин баъдтар нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG