Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Британия маълумоти махфии Сноуденро маҳв кард


Алан Русбридҷер

Алан Русбридҷер

Рӯзномаи британиявии Гардиан (Guardian) навиштааст, ки мақомоти Британия ин рӯзномаро маҷбур кардаанд, иттилои аз дасти собиқ ходими идораи ҷосусии ИМА Эдвард Сноуден дар ихтиёр доштаро, маҳв намояд.

Рӯзи сешанбе муҳаррири ин нашрия Алан Русбридҷер таъкид кард, ки ду афсари хадамоти амниятии Британия ба идораи рӯзнома омада, маҳви ҷиҳози ҳифзи иттилоъро назорат карданд.

Сноуден иттилоъ дар бораи барномаҳои махфии муроқибати ИМА-ро ба Гардиан тақдим кардааст. Рӯзноманигори Гардиан Глен Глинвалд аввалин шуда, дар бораи Сноуден ва барномаҳои махфии ИМА-ро мақола навишт.

Ӯ мегӯяд, рӯзи якшанбе дӯст-писари ӯро бар пояи қонуни мубориза бо терроризм нуҳ соат дар фурудгоҳи Лондон боздошт намуданд ва ӯ тасмим дорад, ин амалро ба додгоҳ кашад.
XS
SM
MD
LG