Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хатлон қотили писари 9-соларо ҷустуҷӯ мекунанд


Бино ба хабари вазорати дохилаи Тоҷикистон, 19 август дар чарогоҳҳои хоҷагии деҳқонии Асадуллои ҷамоати деҳоти Даҳана-киики ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ҷасади писари 9 солаеро бо аломатҳои таҷовузи ҷинсӣ пайдо кардаанд. Аз ин писар ном бурда намешавад, вале ин манбаъ мегӯяд, ки писар дар натиҷаи шиканҷа ҷон додааст.

Ҳангоми муоинаи ҷасад дар бадани ин ноболиғ ҷои 16 зарби олоти тез ва буранда дар қисмати гардан аз пасу пеш ба назар расидааст.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки барои ҷустуҷӯ ва боздошти ҷинояткорон бо фармони Вазири корҳои дохилӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи Раёсати кофтукови ҷиноии вазорат ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон гурӯҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шудааст ва рафти тафтишоти он зери назорати бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ қарор дорад.

Ситоди раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон ин хабарро дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ таъйид кард.
XS
SM
MD
LG