Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон Исроилро масъули барканории Мурсӣ номид


Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мегӯяд, Исроил барканорсозии президенти исломгарои Миср Муҳаммад Мурсиро ташкил кардааст.

Дар нишасти ҳизби ҳокими Адолат ва рушди Туркия Эрдуғон иддао кард, ки ӯ барои исботи ин гуфтаҳо далел дорад.

Вале дар ниҳояти амр, ӯ танҳо ба як суханронии вазири адолати Исроил дар як нишасти байналмилалӣ дар Фаронса дар соли 2011-умро ишора кард.

Ба қавли Эрдуғон агар ҷунбиши Бародарони мусулмон ё худ Ихвонулмуслимин боз ҳам дар интихобот пирӯз шавад, наметавонад қудратро ба даст гирад.

Муҳаммад Мурсӣ моҳи июни соли 2012-ум дар як интихоботи демократӣ пирӯз шуда, ба курсии раёсатҷумҳурии Миср нишаст. Вале моҳи гузашта дар ошӯбе бо кумаки низомиён барканор шуд.

Туркия низомиёни Мисрро ба хотири таъқиби тарафдорони Мурсӣ танқид кардааст.

Дар як ҳафтаи гузашта бар асари таъқиби эътирозҳои тарафдорони Мурсӣ дар Миср камаш 900 кас кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG