Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини қирғиз аз мақом маҳрум шуданд


Қамчибек Тошиев, Содир Ҷабборов ва Талант Мамитов ( аз чап ба рост)
Қамчибек Тошиев, Содир Ҷабборов ва Талант Мамитов ( аз чап ба рост)
Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон се раҳбари ҳизби Ота Ҷурти мухолифи ҳукуматро аз мақоми намояндаи мардумӣ дар парламенти ин кишвар маҳрум кард.

Намояндаи Комиссияи марказии интихобот Рашид Бекбасаров рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт, қарор аз лаҳзаи судур ба ҳукми иҷро даромад.

Моҳи равон Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми додгоҳи поёнӣ дар мавриди бегуноҳии Қамчибек Тошиев, Содир Ҷабборов ва Талант Мамитовро аз эътибор соқит намуда, се нафари ёдшударо бо кӯшиши аз байн бурдани ҳукумат айбдор кард.

Дар моҳи март ин раҳбарони ҳизби Ота Ҷурт аз як то якуним сол ҳар яке аз озодӣ маҳрум шуда буданд.

Додгоҳ онҳоро бо ташкили гирдиҳамоии хушунатбор дар Бишкек дар моҳи октябри соли гузашта муҷрим донист. Вале дар моҳи июн таҳти фишор ва ҳамлаи ҳаводорони ҳизби Ота Ҷурт додгоҳ се раҳбарро бегуноҳ эълон карда буд.
XS
SM
MD
LG