Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мушаррафро барои куштори Бҳутто гунаҳгор эълон карданд


Парвиз Мушарраф-раиси ҷумҳури пешини Покистон

Парвиз Мушарраф-раиси ҷумҳури пешини Покистон

Яке аз додгоҳҳои Покистон Парвиз Мушарраф-раиси ҷумҳури пешини ин кишварро барои куштори Беназир Бҳутто-нахуствазири собиқ гунаҳгор эълон кард.

Додгоҳи Равалпиндӣ Парвиз Мушаррафро бо 3 модда, яъне куштор ва пинҳон доштани он муттаҳам медонад. Мушарраф дар ҷараёни мурофиаи паси дарҳои баста изҳор доштааст, ки худро гунаҳгор намедонад. Афшон Одил-вакили мудофеи Мушарраф дар беруни додгоҳ зимни сӯҳбат бо хабарнигорон иттиҳомоти ворида ба Мушаррафро рад кард.

Одил гуфт, ки “раиси ҷумҳури пешин ба ин парванда иртиботе надорад. Ман фикр мекунам, ки дар миёни ҳамаи иттиҳомоте, ки ба вай рабт медиҳанд, ҳатто якеаш ба раиси ҷумҳури пешин иртибот надорад”. Ҳизби Парвиз Мушарраф бо номи All Pakistan Muslim League низ ин иттиҳомотро қабул надорад ва онро “сохтаву бофта” арзёбӣ мекунад. Хонум Осиё Исҳоқ-сухангӯи ин ҳизб мегӯяд, “як раиси ҷумҳур дар давраи раёсаташ чӣ тавр метавонад гунаҳгор бошад?”. Мушаррафро барои он муттаҳам медонанд, ки вай дар давраи раёсаташ натавонистааст амнияти заруриро барои Беназир Бҳутто фароҳам орад ва вай дар моҳи декабри соли 2007 террор шудааст.
Бино ба гузоришҳо, вақте ки мошини Мушарраф ба сӯи додгоҳ ҳаракат мекард, садҳо нафар кормандони пулис дар имтидоди роҳи аслӣ истода буданд.

Қарор буд, ин иттиҳомотро додгоҳ 6 август эълон кунад, вале он вақт ин кор имкон надошт, зеро таҳдидҳое ба ҷони Парвиз Мушарраф аз ҳар сӯ садо медод. Тасмими додгоҳ бори аввал ба як фармондеҳи пешини артиш ва ба як раиси ҷумҳури пешин барои судури ҷиноят эълон мешавад.

Аз моҳи марти соли ҷорӣ ба ин сӯ, яъне аз замони баргашти Парвиз Мушарраф аз
Акси Беназир Бҳутто

Акси Беназир Бҳутто

ғурбат ба Покистон бар зидди вай як силсила иттиҳомот садо медиҳад. Моҳи июни соли ҷорӣ нахуствазир Навоз Шариф дастур дод, ки бар зидди Мушарраф барои хиёнат расидагӣ анҷом бигирад. Навоз Шариф гуфт, Мушарраф “барои ҷиноятҳои содиркардааш бояд дар додгоҳ ҷавоб гӯяд”. Вай Мушаррафро муттаҳам кард, ки Қонуни Асосиро нақз кардааст, зеро дар соли 1999 ҳукумати қонуниро сарнагун сохтааст. Гузашта аз ин, Мушарраф соли 2007 қозиёни додгоҳро аз кор барканор ва вазъи фавқулодда эълон кард.

Агар Мушарраф барои хиёнат ба Ватан гунаҳгор дониста шавад, вай ба ҳабси абад маҳкум хоҳад шуд ё муҷозоти эъдом хоҳад гирифт.

Мушарраф-генерали мустаъфӣ аз соли 1999 то соли 2008 барои як силисила ҷиноятҳо муттаҳам мешавад. Иттиҳом аз аз соли 1999 оғоз мешавад, яъне аз соле, ки вай дар як кудето ё табаддулоти низомӣ Навоз Шарифро аз мақоми нахуствазирӣ барканор кард.
XS
SM
MD
LG