Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти дубораи мухолифи ҳукумат дар Беларус


Владимир Яроменак
Владимир Яроменак
Дар Беларус як фаъоли мухолифин бо ҷурми вайрон намудани тақозои раҳоии шартӣ ба муддати се моҳ зиндонӣ шуд.

Рӯзи сешанбе дар додгоҳи Минск ду афсари полис шаҳодат доданд, ки онҳо ду дафъа дар давоми 15 дақиқагӣ натавонистанд макони буду боши Владимир Яроменакро ташхис кунанд.

Яроменаки 22-сола барои ширкат дар эътирозҳои баъди интихоботи президентии соли 2010-ум, ки бо пирӯзии Алесандр Лукашенко анҷом ёфтааст, ба муддати шаш сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Дар моҳи августи соли 2011-ум Яроменакро шартан озод намуданд. Дар ин байн ӯ боз чанд дафъа барои вайрон намудани тақозои раҳоии шартӣ ҳабс шудааст.

Вакили Яроменак мегӯяд, ки бознигарии ҳукмро талаб мекунад.
XS
SM
MD
LG