Пайвандҳои дастрасӣ

Наҷми Ковиёнӣ, пажӯҳишгар

Ҳафтаномаи «Оина» сад сол пеш дар 20-уми августи 1913 ба сардабирии Маҳмудхоҷа Беҳбудии Самарқандӣ (1875-1919) дар Самарқанд, яке аз марказҳои фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон оғоз ба нашр кард. «Оина» дар нахустин шуморааш навишт: «Дар ин замон баъзе ашхосе, ки бо чашми боз аҳвол ва авзоъро нигоҳ мекунанд ва ё илми таърихро мутолиа мекунанд, толиби ислоҳ мешаванд…Агар аз онҳо бипурсед, ки ислоҳ аз куҷо сар мешавад? Ҷавоб хоҳанд гуфт, ки аз мактаб ва мадраса. Чунки ҳаёти миллат вобаста ба мактаб ва мадраса аст… Ислоҳ ва интизоми мактаб ва мадраса боиси тараққӣ ва пешрафти дин ва миллат аст.»

Сардабири ҳафтанома калимаи «Оина»-ро номи муносибе барои баёни роҳ, равиш ва дурнамои нашрия медонад ва онро дар нахустин шумора зери унвони «Оина чист?» чунин тавзеҳ медиҳад: «Шахсе аз банда суол мекунад, ки мурод аз «Оина» … чист ва чӣ чизро нишон медиҳад? Гуфтам, оинае, ки … бар рӯйи вай инсон назар афканад, худро мебинад ва аз чигунагии ҳолот ва қиёфаи худ воқиф ва огоҳ мешавад ва пас ба илоҷ мекӯшад…» Бо ин ҳама мақсади аслии ҳафтаномаи «Оина» ривоҷи илм ва маориф, кушоиши мадорис, ислоҳи низоми омӯзишу парвариш, пешрафт ва ободии аморати Бухоро буд.

ПЕШЗАМИНА

Дар оғози садаи бистум, чанд дигаргунии муҳим дар минтақа рӯй дод, ки ба вазъи Бухоро таъсир гузошт, аз ҷумла: Пирӯзии низомии Ҷопон бар императории Русия дар соли 1905 ва дар ҳам шикастани афсонаи қудрати бартари аврупоӣ, вуқӯи инқилоби 1905-1908-и Русия ва дар пайи он оғози таҳаввулот дар Русия ва сарзаминҳои таҳти ҳимояти он. Барпойии инқилоби 1904-1909-и машрута дар Эрон, ки роҳро барои таҳаввулоти бузурги навхоҳӣ боз кард. Ба роҳ афтодани тағйир дар давлати Усмонӣ дар1908 ва фосила гирифтани он аз андешаҳои иттиҳоди ислом ва наздик шуданаш ба андешаҳои миллатгароии турк, густариши ҷунбишҳои озодихоҳӣ ва бедории рӯзафзуни мардум Ҳинд ба унвони бузургтарин муқовимати бехушунати тӯдаие, ки пояҳои истеъмори Бритониёро ларзонд низ аз рӯйдодҳои сарнавиштсоз буданд.

Дар ин давра ҷунбишҳои фикрӣ ва сиёсии Бухоро ба муборизаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ барои пиёда кардани ислоҳот ва навсозӣ пардохтанд. Дар солҳои поёнии даҳаи аввали садаи бист, муборизаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ миёни онҳо ва нерӯҳои мутаассиби суннатгаро шиддат гирифт ва дар натиҷа нерӯи наве дар Бухоро падид омад, ки ҳаракати «ҷадидҳо» (ҷавонбухороиён) номида шуд.

«Ҷавонбухороиён» ба манзури пиёда кардани ислоҳот, ба нашр ва таблиғи муназзами дидгоҳ ва андешаҳои худ дар миёни мардум пардохтанд ва дар моҳи марти соли 1912 рӯзномаи «Бухорои шариф»-ро мунташир карданд. Ин рӯзнома пас аз 152 шумора дар январи 1913 ба дастури амири Бухоро мутаваққиф шуд. Панҷ моҳ баъд аз он ба кӯшиши «ҷадидҳо» ҳафтаномаи «Оина» дар 20 августи 193 бо сардабирии Беҳбудӣ дар Самарқанд мунташир шуд.

ЗИНДАГИНОМА

Маҳмудхоҷа Беҳбудии Самарқанд, рӯзноманигор, намоишноманавис ва яке аз пештозони наҳзати «ҷадидҳо» дар Фарорӯд, дар 1879-ум дар Самарқанд зода шуд ва баъд аз омӯзиши ибтидоӣ ба унвони муфтӣ дар Самарқанд таъйин гардид. Ва дар миёни солҳои 1900-1914-ум аз Усмонӣ, Миср ва Русия дидан кард ва бо авзоъ ва аҳволи мадорис, маориф, адабиёт, матбуот ва зиндагии мардум дар ин кишварҳо ошно шуд. Боздид аз ин кишварҳо дар таҳаввули андеша ва дидгоҳҳои Беҳбудӣ нақши амиқ дошт.

Беҳбудӣ барои чопи китобҳои дарсӣ дар Самарқанд чопхона таъсис кард ва даст ба таълифи чанд китоби дарсӣ зад. Вай дар соли 1911 нахустин намоишномаро навишта, дар Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва чанд шаҳри дигар ба иҷро даровард. Аз апрел то сентябри 1913-ум, нашрияи «Самарқанд»-ро ҳафтае ду бор дар Самарқанд мунташир кард. Ин нашрия дар маҷмӯъ 45 шумора ба чоп расид. Сипас Беҳбудӣ ба чоп ва нашри ҳафтаномаи «Оина» дар 20 августи соли 1913 пардохт. Беҳбудӣ дар шаклгирии рӯзноманигорӣ ва матбуоти тоҷик саҳми бузург дорад. Вай дар марти 1919 ҳангоми сафар ба Шаҳрисабз бо дасти авомили амир Олимхон дастгир, шиканҷа шуд ва саранҷом ба фармони амир, дар шаҳри Қаршӣ ба қатл расид.

МЕҲВАРҲОИ АСОСӢ

Аз лобалои маҷмуаи ҳафтаномаи «Оина» ба хуби дида мешавад, ки андешаҳо ва дидгоҳҳои маҷалла пеш аз ҳама мутаассир аз «ҷунбиши ҷадид"-ҳои Бухоро ва ҷунбиши таҷдидхоҳии минтақа дар ҳамон давра буд. Ҳафтанома умдатан ба мавзӯъҳои зерин пардохта буд: Дар бораи таъмими улум (таҳсили ҳамагонӣ),рушди маориф, кушоиш ва ислоҳи макотиб ва мадорис, пешрафти иқтисодӣ, мубориза алайҳи ҷаҳл, хурофотписандӣ ва одоти нописанд. Аммо масъалаи меҳварии ҳафтанома, масъалаи ислоҳи низоми омӯзиш ва парвариш дар аморати Бухоро буд. Албатта, ислоҳи низоми омӯзиш ва парвариш дар он замон яке аз ҳадафҳои ҷиддӣ ва барҷастаи гурӯҳҳои рӯшанфикр ва ислоҳталаби минтақа буд. Дар аморати Бухоро, аз ҷумла дар Самарқанд, мадорис вазъи нобасомоне дошт ва теъдоди босаводон ва шогирдони онҳо андак, шеваи омӯзиш куҳна, кайфияти он дар сатҳи паст ва амри фарогирии улум маҳдуд буд.

Маорифпарварони Бухорон мехостанд, шабакаи мадорис густариш ёбад, сифати омӯзиш беҳбуд ёбад, шеваи тадрис нав шавад ва дар мадорис таърих ва ҷуғрофиё, ҳисоб ва улуми табиӣ дарс дода шавад. Онҳо пофишорӣ доштанд, ки бидуни тадрис ва фарогирии ин улум пешрафти ҷомеа имконпазир нест.

«Оина» ҳама бадбахтиҳоро аз набудани «мадорис ва макотиби мунтазима» медонист ва таъкид мекунад, ки ҳеҷ миллате тараққӣ ва пешрафт накардааст, магар дар сояи мадорис вамакотиби мунтазима… Аммо дар мактабҳои мо шогирд 7-8 сол дарс хонда, номи худро ба зӯр навишта метавонад… Дар ҳоле, ки солҳост, мусалмонони соири мамолик дараҷаи лузум ва аҳамияти макотиби (мадорис) ҷадидро дониста… дар ҳар шаҳр ва қаря (русто) онро доир намуда, рӯз ба рӯз ба такмили он мекӯшанд, аммо мо … на танҳо макотиб ва мадориси ҷадид таъсис наменамоем, балки онҳоро ҳанӯз бидъат ва ҳаром мешуморем…"

«Оина»боз ҳам навишт: «Тараққии ҳар миллат вобаста ба илм аст… ҳар миллат, ки таррақикардааст, ба воситаи илм ва маориф ва ба сабаби ҳунар ва саноеъ аст… ҳикмат ва маърифатро ҳар ҷо диданд, ахз кунанд (бигиранд), таълимдиҳанда хоҳ муслим бошад хоҳ кофир…» «Оина» ба дабистон, омӯзиш ва парвариши навшогирдон таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта ва таъкид карда: «Тараққӣ намудани ҳар миллат ба илм аст ва аввалин ҷойи таҳсили илм мактаби ибтидоӣ (дабистон) аст… ва лозимтарин вазоиф ва воҷибтарин таколифи инсон таълим ва тарбияи навниҳолон аст. Ҳеҷ миллате тараққӣ нахоҳад кард, магар бо ислоҳи макотиб ва мадорис. Мактаб ва мадорис ҳам ислоҳ нахоҳад шуд, магар мувофиқ ба замони ҳозир…»

Ҳафтанома омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва фаронсавиро зарур медонад ва назарияи онҳоеро, ки омӯхтани забони русиро гуноҳ медонанд, танқид мекунад: «Забони русӣ, ки аз ҷиҳати равнақи тиҷорат ва саноат ва беҳбуди умури зиндагонӣ ва маишатамон ба вай муҳтоҷ ва маҷбурем», бояд омӯхт.

Ҳафтанома навишта ки: «Муддатест, бо камоли ҷиддият ҳар чӣ садо доштем, фарёд кашида, лузуми ислоҳи мадраса ва мактабҳоро ба пешгоҳи миллат арза кардем… то қалам роҳ мерафт, навиштем… ки агар мактабҳоямонро мутобиқи тақозои замон ислоҳ накунем, аз муҳофизаи ҳаёт ва шарафи миллияи хеш ба куллӣ оҷиз хоҳем монд… Ин ҳама фарёдҳои мо бетаъсир намонд. Дар дили зумрае ҷавонони мутафаккир нақш баст. Имрӯз дар ҳар гӯшаи мамлакати мо хеле хеле тараққихоҳон ва ислоҳталабон пайдо шуда, ки машғули ҳаракоти ислоҳкорона гардиданд…»

Аммо амири Бухоро ва дарбориёни ӯ на танҳо гӯши шунаво барои шунидани пешниҳодҳои ислоҳии маъорифпарварон ва ислоҳталабони Бухоро надоштанд, балки ин пешниҳодҳоро ба ҳоли иқтидори ҳокимияти худ зараровар медонистанд. Дар чунин авзоъ ва аҳвол маҷалла зери унвони «Чаро асар намебахшад?» навишт: «Ба рағми ин қадар баҳсҳо, мақолаҳо, ашъор дар бораи омӯхтани илм ва ривоҷи маориф, дар амал ҳеҷ таъсире надорад. Дар ҳоле, ки тараққии ҳар миллат зодаи илм аст ва зиллати ҳар миллат зодаи ҷаҳл аст. Мардуми дунё ҳар рӯз дар тараққӣ, мо маъкусан (баръакс - Н.К.) дар таназзул.»

Ҳафтанома пайваста кӯшиш карда, ки кишварҳои исломиро дар арсаи маориф мисол биёварад ва Бухороро бо онҳо муқоиса кунад. Аз ҷумла навишт: «Ҳукумат ва уламои Бухоро ду ва се мактабе, ки ҷавонони боғайрати Бухоро дар хонаҳои худҳо боз карда буданд, баст ва ин баста шудани мактабро виҷдони ҳеҷ як аз ҳукумот ва уламои исломияи курраи замин қабул нанамуда буд. Хеле амри аҷиб ва боиси гиря аст… Кӯдаконро аз донистани заруриёти диния ва таълими ҳисоб ва таърих… манъ намудан…»

Яке аз ҳадафҳои маорифпарварон нигаҳдории мероси адабӣ, илмӣ ва фарҳангии Бухоро аст. Маҷалла гила дорад, ки чингизиён китобҳои илмии моро сӯхтанд ва фарангиён онҳоро ба китобхонаҳои худ интиқол доданд ва аз он истифода карданд. Ҳафтанома навишт: «То имрӯз фарангиён китобҳои куҳнаи моро ба нархи аъло аз мо мегиранд ва мебаранд!» Ҳафтанома қочоқи осори адабӣ ва таърихии Бухороро ба Ғарб интиқод мекунад ва пешниҳод медиҳад, ки ҳукумат аз мероси таърихии Бухоро посдорӣ кунад

ГУЗИНИШИ НОМИ «ФАРЗАНДОН»

Гузиниши номи неку ва бо маънӣ, зебон ва хушоҳанг барои фарзандон дар ҳама фарҳангҳо аз аҳамияти вижае бархӯрдор аст. «Оина» дар ҳамин робита зери унвони «Ном ниҳодани бачагон» ба ин мавзӯъ пардохта: «Банда дар мактаб муаллим ҳастам. Чун атфол ба мактаб барои хондан меоянд, аз исми онҳо суол менамоям… бархе ҷавоб медиҳанд…ки Умурқулӣ, Болатқулӣ, Ҷӯрақулӣ, Эшмурод, Тошмурод ва амсоли ин гуна номҳо мешунавам… ин номҳои хуб барои бачаҳо нест… бар мо лозим ас тки ба фарзандони худ номи неку ва бомаънӣ гузошта ин ҳаққро аз гардани худ соқит намоем…»

Номгузории фарзандон як мавзӯи муҳими иҷтимоӣ ва таърихӣ аст , ки диққат ва таваҷҷуҳи ҷиддиро металабад. Гузиниши ном, номи хонаводагӣ ва тахаллус , намояндагӣ аз сатҳи огоҳии инсон, фарҳанг, таърихи миллат ва сарзаминаш мекунад мекунад. Онҳое, ки ба таърих ва фарҳанги хеш алоқаманд ҳастанд, ба сӯи номҳои форсӣ, номҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, номҳои меҳанӣ… рӯй меоваранд. Агар мо ба фарҳанг ва таърихи худ нигоҳ кунем, бо ҳазорон номҳои зебон ва бомаънии форсӣ бармехӯрем.

Номи фарзандон аз як сӯ бояд зебо, гиро, пурмаънӣ, хушоҳанг ва кӯтоҳ буда, аз сӯи дигар реша дар фарҳанг, ҳувият ва таърихи мардумони мо дошта бошад. Аз гузиниши номҳои хурофӣ, бемаънӣ, хоксорона, зиллатпазир… бар навзодон парҳез кард. Номҳоеро бояд барои навзодон баргузид, ки ба амри худшиносӣ, худогоҳӣ ва худбоварии онҳо мадад расонад. Хушбахтона дар чанд даҳаи пасин рӯйкарди хонаводаҳо ба номҳои тоҷикӣ, форсӣ ва хуросонӣ машҳуд аст, аммо ҳанӯз роҳи дароз дар пеш аст. Носири Хусрави Балхӣ мегӯяд: Номи наку гузин, ки бадон чун бихонамат, дар дилат шодӣ ояд ва дар ҷонат хуррамӣ."

МУБОРИЗА БО ХУРОФОТПАРАСТӢ

Вопасмондагии ҷомеа, сатҳи поини савод ва пеш аз ҳама сиришти истибдодии низоми амирони Бухоро порае аз суннатҳои нописанд ва одоти зараровареро дар ҷомеа эҷод карда буд, ки гурӯҳҳои васеи мардум ба он бовар доштанд. Ин боварҳои хурофӣ ба масобаи нерӯи сахтҷон ба унвони монеъ дар роҳи асрисозӣ ва рушди ҷомеа амал мекарданд. Амир ва муллоҳои муҳофизакор кӯшиш мекарданд, ки мардуми оддиро дар ҷаҳолату хурофотписандӣ нигаҳ доранд.

Ҳафтанома хурофотписандӣ, ҷаҳолат ва суннатписандиро танқид мекунад. Ба назари он ҷаҳолат яъне «бесарватӣ, беқувватӣ, бадбахтӣ, гумроҳӣ, фалокат, зиллат, монеи тараққӣ,… ҷаҳолат аст, ки моро ходими навкарони бегона сохта … ҷаҳолат душмани бузурги мост . Бухоро замоне маркази улум буд, вале ҳоло дар ҷаҳолат ғарқа аст…»

Маҷалла расму ривоҷ ва издивоҷро, ки харҷи сангин доштанд, танқид карда, онро боиси анвои фаҳшо медонад ва ҳамчунин маросими пурҳазинаи хоксупорӣ ва фотиҳахониро низ интиқод мекунад ва мардумро ба тарки ҷаҳолат, суннатҳо ва одоти нописандида тарғиб менамояд.

ЧАНД МАТЛАБИ ДИГАР

Маҷалла шеваи гуфтугӯро бо хонандагони худ ба кор мебарад ва номаҳои хонандагонро мунтишир мекунад. Номаҳо бештар дарбаргирандаи пурсиш, пешниҳод ва интиқод ҳастанд. Маҷалла бо бархе аз номаҳо посух медиҳад.

Дар пушти маҷалла пайваста шуморе аз китобҳои форсӣ ва нархи онҳо чоп шуда, ин китобҳоро алоқамандон метавонистанд аз идораи «Оина» ба даст оваранд. Дар пушти яке аз шумораҳои маҷалла номи китобҳои зерин омадааст: "Шоҳнома", Куллиёти Низомӣ ва Бедил, Маснавии шариф, "Хатт ва хаттотон", "Таърихи Эрон", "Таърихи Эрони Бузург", рубоиёти Мавлоно, "Таърихи Бахтиёрӣ", Усули Илм, Ҷуғрофиёи Мусаввар, Дастури забони форсӣ, "Ҳақиқнома", "Ҳайати ҷадида", "Тақвими Эрон" ва ғайра.

Нашрияи «Оина» дар шароите мунташир мешуд, ки фарҳанги рӯзномахонӣ ва навиштани мақола дар рӯзномаҳо дар он давра дар сатҳи паст қарор дошт. «Оина» дар ҳамин робита чунин навишта: «Баъзе аз соҳибмансабони ҳукумати Бухоро аз идора хоҳиш доранд, ки имзои онҳо маҳфуз бошад, чунки дар Бухоро мақоланависӣ ва ё матбуотхонӣ аз ҷумлаи қабоеҳ (корҳои зишт) ҳисоб мешавад…»

МУНОЗИРА

«Оина» барои пешбурди аҳдофи худ шеваи мунозираро ба кор бурдааст. Пеш бурдани мунозира, диалог, пурсиш ва посух дар сафҳаҳои рӯзномаҳо яке аз шеваҳои шинохташуда барои баёни афкор ва эътироз алайҳи душвориҳо ва нобасомониҳои иҷтимоист. Дар инҷо нуктаҳое аз «Мунозираи қадимӣ бо ҷадидӣ»-ро меоварем. Дар мунозираи «Мунозираи қадимӣ бо ҷадидӣ» ҳафтанома кӯшиш мекунад, ки ба пурсиш посух диҳадю. Чаро иддаеро ҷадидӣ мегӯянд? Чаро забони русиро бояд омӯхт? Мунозира чунин оғоз мешавад:
«Қадимӣ: Бародар, шуморо чаро ҷадидӣ меноманд?

Ҷадидӣ: Ҷадидиҳо мехоҳанд ки ба кӯмаки Қуръон ва бо тақозои замона, ҳаргуна улум ва фунуни ҷадидро биомӯзанд, ҳамчун: фалсафа, ҷуғрофиё, ҳисоб, ҳандаса, тиб, таърих…забонҳои русӣ, фаронсавӣ, англисӣ ва ғайра… бинобар ҳамин моро ҷадидӣ меноманд.
Қадимӣ: Ҳар кассе , ки забони русӣ ёд гирад, кам-кам ахлоқаш фосид ва эътиқодаш аз дин суст мешавад…

Ҷадидӣ: То ҳол ҳеҷ кас аз донистани забонӣ русӣ… кофир нашудааст ва нахоҳад шуд… ҳоло, ки ҳукмрони мамлакат ва омири мо рус аст, на танҳо забони ӯро, балки низ хат ва қонунҳои ӯро донистан лозим аст…»

СУХАНИ ФАРҶОМ

«Оина» яке аз беҳтарин нашрияҳои маҳаллии Осиёи Миёнаи пеш аз Инқилоби октябр будааст. Ин ҳафтанома нашрияе буд сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва бештар ба масоили густариши маориф, ислоҳи мактабҳо ва мадорис, саводомӯзӣ, донишандӯзӣ ва омӯзиши улуми динӣ ва дунявӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҷустуҷӯи роҳ ва чорае барои илоҷи дардҳои ҷомеа, ободии ватан, бедории миллат ва мазаммати ақоиди хурофӣ пардохтааст.

Насри форсии маҷалла, омезае аз форсии куҳан ва форсии маъмул дар Эрон ва Афғонистон бо лаҳҷаи самарқандӣ, ки яке аз лаҳҷаҳои ширини форсист, буда ва мутаассир аз ҳузури вожаҳои арабӣ ва русист. Насри форсии ҳафтанома равон ва қобили фаҳм аст. Забони бисёре аз навиштаҳо сода аст ва ин амр заминаи нуфузи онро на танҳо дар миёни гурӯҳҳои рӯшанфикрӣ афзоиш дод, балки мизони таъсиргузории онро дар миёни қишрҳои камсаводи ҷомеа боло бурд.

Навгароёни маъруфи он замон аз ҷумла Саидризо Ализодаи Самарқандӣ, Абдурауфи Фитрат, Мирзо Сироҷ Ҳакими Бухороӣ, Сиддиқи Аҷзии Самарқандӣ, Садриддин Айнӣ, Маҳмуди Тарзӣ ва дигарон дар ҳафтанома мақола навиштанд. Ҳафтаномаи «Оина» аз 20 августи 1913 то 15 июни соли 1915, маҷмуан 68 шумора чоп ва паҳн шудааст. Ҳамин 68 шумораи ҳафтаномаи «Оина» асноди арзишманди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии он рӯзгор аст.

Наҷми Ковиёнӣ, пажӯҳишгар

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG