Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии паноҳҷӯён дар уқёнуси Ҳинд ғарқ шуд


Як киштӣ бо паноҳҷӯён дар уқёнуси Ҳинд ғарқ шудааст. Гурӯҳи наҷоти Австралия 106 нафарро аз об берун баровард.

Киштӣ рӯзи сешанбе дар масофаи 220 километр аз ҷазираи Кристмасс ғарқ шуд. Дар Кристмасс Австралия як урдугоҳи паноҳандагон ташкил кардааст.

Моҳи гузашта Австралия гуфта буд, аз ин ба баъд ба афроде, ки тавассути киштӣ ба қаламрави Австралия меоянд, мақоми паноҳанда тақдим нахоҳад кард.

Дар соли 2013-ум беш аз 18000 нафар бо тақозои ҳаққи паноҳандагӣ вориди хоки Австралия шудаанд.
XS
SM
MD
LG