Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии футболбозони Афғонистон бар Покистон


Барои аввалин бор дар 30 соли ахир дастаҳои футболи Афғонистону Покистон як қуваозмоии дӯстона доир карданд. Бозӣ бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи дастаи афғон хотима ёфтааст.

Раиси Иттиҳодияи футболи Афғонистон Карамуддин Карим мегӯяд, тамоми 6000 билет барои тамошои ин ҳунарнамоӣ дар варзишгоҳи Кобул ба фурӯш рафтаанд.

Соли 1976 қуваозмоии Афғонистону Покистон бо ҳисоби як бар ҳеҷ ба нафъи Афғонистон ба анҷом расида буд.

Таҷовузи шӯравӣ ва баъдан ҳукми Толибон аз такрори ин қуваозмоӣ ҷилавгирӣ кардаанд. Толибон варзишгоҳи Кобулро ба макони иҷрои ҳукми қатл табдил дода буданд.

Қуваозмоии дӯстонаи рӯзи сешанбе як озмоиш дар арафаи Ҷоми федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ аст, ки охири моҳи август дар Непал барпо мешавад.
XS
SM
MD
LG