Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари "Ихвонулмуслимин" боздошт шуд


Муҳаммад Бадеъ, раҳбари "Ихвонулмуслимин"
Муҳаммад Бадеъ, раҳбари "Ихвонулмуслимин"

Бино ба гузориши расонаҳои давлатии Миср, Муҳаммад Бадеъ, раҳбари «Ихвонулмуслимин» бомдоди рӯзи сешанбе дар Қоҳира боздошт шуд.

Ҳукми ин боздошт ҳудуди якуним моҳ пеш содир шуда буд, пас аз суханронӣ дар миёни ҳаводорони ин гурӯҳ, ки мақомҳои мисрӣ онро « таҳрик ба хушунат» номидаанд. Дар он суханронӣ раҳбари «Ихвонулмуслимин» аз ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, ки ба тозагӣ сарнагун шуда буд, хост то ба эътироз ва тазоҳурот то бозгашти Мурсӣ ба қудрат идома диҳанд.

Боздошти Муҳаммад Бадеъ тозатарин давр аз дастгирии аъзои "Ихвонулмуслмимин" ба шумор меравад. Пештар низ гурӯҳе аз аъзои баландрутбаи ин гурӯҳ боздошт шуда буданд. Ин боздошт бо вокуниши байналмилалӣ рӯбарӯ шудааст. Аз ҷумла Катрин Аштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз давлати муваққати Миср хост, Муҳаммад Мурсӣ ва аъзои зиндонии ин гурӯҳро озод кунанд.

Аммо ин дархост бепосух монд ва нерӯҳои амниятии Миср тайи рӯзҳои гузашта алайҳи «Ихвонулмуслимин» иқдомҳои сахттар рӯи даст гирифтанд ва рӯзи шанбеи гузашта нахуствазири муваққати ин кишвар пешниҳод кард, фаъолияти ин гурӯҳ қатъ карда шавад. Ин пешниҳод пас аз ҳамлаи рӯзи шанбеи нерӯҳои амниятӣ ба масҷиди Ал-Фатҳ дар Қоҳира барои поён додан ба таҷаммӯи ҳаводорони ин гурӯҳ дар он, матраҳ шуд.

Як рӯз пеш аз он низ ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ ва «Ихвонулмуслимин» дар рӯзе, ки онро «ҷумъаи хашм» номида буданд, даст ба тазоҳуроте дар шаҳрҳои мухталифи Миср заданд, ки бинобар гузоришҳо, дар даргириҳо писари Муҳаммад Бадеъ, раҳбари «Ихвонулмуслимин» ҷони худро аз даст.

Тазоҳуроти «ҷумъаи хашм» посухи мухолифони давлати муваққати Миср ба саркӯбиҳое буд, ки дар рӯзи чаҳоршанбеи гузашта сурат гирифт ва дар пайи он садҳо тан ҷони худро аз доданд. Тайи рӯзҳои ахир бӯҳрони Миср печидатар шудааст.
XS
SM
MD
LG