Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фавти се нафар дар садамаи нақлиётӣ


Нафари савуме, ки дар садмаи нақлиётии рӯзи 17-уми август дар Душанбе ҷароҳат бардошта буд, дар беморхона фавтид. Ин садамаи нақлиётӣ дар маҳаллаи Қулписта, наздикии Боғи Айнии пойтахт рух дода буд. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Леганза», Авзалшо Бобоеви 22 сола ҳангоми ҳаракат дар ин маҳалла аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори рости роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофири он Шуҳрат Шералиеви 22 сола, сокини ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигар Аслиддин Холов ва Шараф Ёқубови 22 сола сокинони ноҳияи Варзоб, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бар дошта буданд. Ҷанозаи нафари севум дар ин садама, Аслиддин Холови 22 сола шоми 19-уми август ба хок супурда шуд. Наздикони Аслиддин Холов, ки нахостанд номашон оварда шавад гуфтанд, ки вай оиладор буд ва рӯзе пеш аз садамаи нақлиётӣ ҳамсараш фарзанд ба дунё оварда буд, вале бо сабаби ҳодисаи нохуш натавонистааст ба дидори фарзандаш расад.
Гуфта мешавад, ки ҳама афроди дар ин ҳодиса ба ҳалокатрасида ҳамдарс буданд ва он рӯз дар тӯйи як дӯсташон иштирок доштанд.
XS
SM
MD
LG