Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Тасвири рӯдхонаи Ому бо арқоми ҳайратангез


Амударё бо шохааш рӯдхонаи Панҷ тақрибан 2620 километр буда ва дар миёни рӯдхонаҳои дарозтарини ҷаҳон дар мақоми 34-ум қарор дорад.

Амударё аз шӯхтарин рӯдхонаҳои ҷаҳон аст ва аз назари суръати маҷро танҳо аз рӯдхонаи Миссисипи дар Амрико ва рӯдхонаи Синд дар Покистон ақиб мемонад.

Ҳавзаи рӯдхона 535 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад ва Тоҷикистону Афғонистон, Узбакистону Қирғизистон, Қазоқистон ва Эрону Чинро фаро мегирад ва 18 баробар бузургтар аз қаламрави Белжик аст. Делта ва ё резишгоҳи Амударё бо 10 шохаи хурдаш, яке аз бузургтарин дар ҷаҳон буда ва тақрибан 11 ҳазор километри мураббаъ аст. Шасту чаҳор дар сади оби рӯдхона дар кӯҳсори Тоҷикистон, 22 дар садаш дар Афғонистон, 7 дар садаш дар Узбакистон ва 2 дар сади он дар Туркманистон ҳосил мешавад.

Тоҷикистон фақат 12 дар сади оби рӯдхонаи Ому, Афғонистон 8, Узбакистон 33 ва Туркманистон 33 дар сади онро истифода мебаранд. Тамоми заминҳои обии ҳавзаи Ому, аз лойи дарё таркиб ёфтаанд ва аз ин рӯ бисёр ҳосилхезанд. Солона заминҳои ҳавзаи рӯдхона бо 2,6 метр лой менишинад ва заминҳои обиро аз 1 то 7 милимметр васеътар мекунад. Кишту кор дар заминҳои обӣ 30 дар сади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии тамоми кишварҳои ҳавзаи рӯдхонаи Омуро ҳосил мекунад. Дар Туркманистон 12 дарсади тавлиди нохолиси миллӣ аз ҳисоби кишоварзист, дар Узбакистон 20, дар Тоҷикистон 22, дар Қирғизистон, 29 ва дар Афғонистон 33 сад.

Бист миллион нафар аз сокинони кишварҳои ҳавзаи Ому аз назари иқтисодӣ ба кишоварзӣ дар заминҳои обии ин ҳавза пойбанд ҳастанд. Иқтисоди Осиёи Марказӣ солона бинобар мудирияти нодуруст дар истифодаи об, 3 дар сади тавлидоти нохолиси миллиашро аз даст медиҳад. Ба далели истифодаи бесамари об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақа солона 1 миллиарду 750 миллион доллар маҳрум мешавад. Тайи 30 соли гузашта ҳосили заминҳои обии ҳавзаи рӯдхона аз 1800 доллар то 750 доллар коҳиш ёфтааст. Панҷоҳ дар сади оби бинобар технологияҳои қадимаи обёрӣ дар нимароҳ бухор мешавад.

Пахта маҳсулоти аслии содиротии аслии минтақа аст ва аз 20 то 40 дар сади содироти Тоҷикистону Туркманистон ва Узбакистонро ташкил медиҳад. Аҳолии ҳавзаи рӯдхонаи Ому босуръат меафзояд ва интизор меравад, то соли 2025 ним баробар афзуда ва ба 60 миллион нафар бирасад. Дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар минтақа кам мешавад ва гармоиши курраи Замин ва тамоюлҳои тағйирёбандаи иқлимӣ метавонад талабот ба обёриро то соли 2035 панҷ дар сад ва то соли 2050 даҳ дар сад биафзояд.

Танҳо 8 дар сади оби ҳавзаи рӯдхонаи Ому барои тавлиди нерӯи барқ ва тақрибан 77 дар сади он барои обёрии заминҳои кишт истифода мешавад.
Аз соли 1930 то соли 1980 кӯлҳо дар резишгоҳи рӯдхонаи Ому аз 300 ҳазор гектар то 7800 гектар кам шудаанд.

Дар қарни 20 пиряхҳои саргаҳи рӯдхона 30 дар сад коҳиш ёфта ва аз соли 1970 то соли 2000-ум маҷрои оби рӯдхона 10 баробар камтар шудааст. Бо дар назардошти асароти тағйири иқлим мумкин аст, дастрасӣ ба оби рӯдхона дар чанд даҳсолаи наздик 40 дар сад кам шавад. Фалокатҳои табии вобаста ба об, тахминан 70 дар сади маҷмӯъи тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Бинобар истифодаи беш аз рӯдхонаи Ому мумкин аст, то 50 соли оянда 40 навъи моҳии мавҷуд дар ҳавзаи рӯдхона нобуд шавад. Сифати оби ошомиданӣ бахусус дар минтақаҳои поёноби ҳавзаи рӯдхона сол то сол бадтар мешавад ва дар он ҷойҳо гирифторони бемориҳои ҷоғару гурда ва ҷигар ҳам меафзояд.

Сарчашмаи маълумот EastWest Institute дар Бритониё
XS
SM
MD
LG