Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 4 рӯз 30 000 паноҳҷӯ вориди шимоли Ироқ шудаанд


Паноҳҷӯёни Сурия дар шимоли Ироқ
Паноҳҷӯёни Сурия дар шимоли Ироқ
СММ мегӯяд, ки аз рӯзи панҷшанбе то ҳол бештар аз 30 ҳазор нафар паноҳҷӯён вориди шимоли Ироқ шудаанд. Дар ин бора Юсуф Маҳмуд-сухангӯи намояндагии ин созмон дар минтақаи курднишини Ироқ хабар додааст. Танҳо рӯзи душанбе ба ин минтақа 3 ҳазор нафар паноҳҷӯ ворид шудаанд.

Бештари ононе, ки ба шимоли Ироқ паноҳ бардаанд, курдҳои Сурия мебошанд. Онҳо аз даргириҳои шадиди миёни гурӯҳҳои исломӣ ва тундравҳои курд фирор кардаанд.

Қабл аз ин 154 ҳазор нафар паноҳҷӯёни Сурия дар Ироқ сабти ном шуда буданд. Бино ба маълумоти СММ аз оғози даргириҳо дар Сурия то ҳол тақрибан 2 миллион нафар сокинони Сурия ба хориҷ паноҳ бурдаанд. Онҳо дар Туркияву Урдун ва Лубнон ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG